Сабаби бекор кардани қарори қаблан қабулшуда дар бораи расман бақайдгирии номзад ба вакилии парлумон он аст, ки дар вақти ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон ба қайд гирифтанаш ӯ 30-сола нашудааст. Дар қонунгузории ҷумҳурӣ вакили парлумон будан танҳо ба шаҳрвандони аз 30-сола боло иҷоза дода мешавад.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон дар бораи бекор кардани қарори Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷалолидини Балхӣ №30 аз 6 феврали соли 2020, №4 дар қисми бақайдгирии номзадии Акмалиддин Каримов қарор қабул кард.
Тавре маркази матбуоти КМИР ҶТ хабар медиҳад, аз рӯйи ҳуҷҷатҳои дар парванда мавҷудбуда дида мешавад, ки Акмалиддин Каримов 30 сентябри соли 1991 таваллуд шуда, дар вақти ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон ба қайд гирифтанаш ба синни 30-солагӣ нарасидааст.
Дар ин робита қарори Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони МНМО ҶТ аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ №30 аз 6 феврали соли 2020, №4 дар қисми бақайдгирии номзадии Акмалиддин Каримов бинобар ғайриқонунӣ буданаш бекор карда шуд.
Акмалиддин Каримов ба таври худпешбарӣ номзад ба вакилии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ сабтином шуда буд.
Ёдрас мекунем, ки маъракаи интихобот ба палатаи поёни парлумони Тоҷикистон, ҳамчунин маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба рӯзи 1-уми март таъин шудааст. Барои ба даст овардани 63 курсии вакилӣ дар парлумон 241 нафар номзадҳо рақобат мекунанд – 176 номзад дар 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ ва 65 номзад тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ. Байни номзадҳои расман сабтиномшуда ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ 48 нафарашон занон мебошанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.