Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳти унвони «Кундал» намоиши асарҳои наққошӣ баргузор шуд.
Кундал ё худ нақшу нигори возеҳ намунаи санъати анъанавии Осиёи Марказӣ аст. Барои офаридани кундал асоси чӯбини бо гаҷ суфтакардашуда лозим аст, ки ба рӯйи он аз гил нақш партофта мешавад. Вақтҳои охир устоҳо бештар маводи пурқувват – сементро кор мефармоянд.
Равияҳои гуногуни иҷрои кундал имкон медиҳанд, ки ҳаракати фавқулоддаи он, забони гӯёи муқаддасот, равзанаҳои гуногуни диди эҷодӣ ва усули мухталифи ҷараёни офариниш, тобишҳои анъанавию ҷадид дар фарҳанги миллии Тоҷикистон мушоҳида шавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.