Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон изҳор дошт, ки интихобот шаффоф ва ошкоро гузашта, ягон қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Бар асоси ҳуҷҷатҳои аз 41 ҳавзаи якмандатӣ пешниҳодшуда КМИР нимаи дуюми имрӯз, 2 март дар толори Маркази тадқиқоти стратегӣ натиҷаҳои пешакии интихоботро эълон мекунад.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз КМИР Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни интихобот ягон арзу шикоят ворид нашуда, қонуншиканӣ ба мушоҳида нарасидааст.
Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, натиҷаҳои ниҳоии интихобот бояд на дертар аз 10 рӯз пас аз баргузории он муайян шавад.
Рӯзи баргузории интихобот КМИР ҶТ интихоботро баргузоршуда эълон кард: то соати 15:00-и 1-уми март аз шумори умумии интихобкунандагон 3 миллиону 703 ҳазору 969 нафар ё 75,1% раъй додаанд.
Дар ҳамин ҳол, нимаи аввали имрӯз дар КМИР ҳайати нозирон аз ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва Созмони ҳамкории Шанхай дар вохӯрӣ бо рӯзноманигорон дар бораи хулосаҳои худ оид ба интихоботи парлумонии дар Тоҷикистон баргузоршуда изҳори назар мекунанд.
Рӯзи баргузории интихобот хабарнигорони “Азия-Плюс” доир ба имкони овоз додан дар қитъаҳои интихоботӣ ба ҷойи чанд кас озмоиш гузарониданд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ рӯзноманигорон дар бораи бисёр қонуншиканиҳо дар ҷараёни интихобот изҳори назар карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.