Бо назардошти хуруҷи коронавируси COVID-19 дар Корея, Эрон, Италия ва Афғонистон, инчунин ҳолати эпидемиологӣ дар Чин, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар тавсия медиҳад, ки аз сафар ба кишварҳои мазкур дар ҳоли ҳозир худдорӣ намоянд.
Дар хабари нашркардаи ВКХ қайд мешавад, ки ҳамчунин дар ҳолати сафар ба кишварҳое, ки дар он ҷо ҳодисаҳои мубтало шудан ба коронавирус мавҷуд аст, бояд вазъи мазкур ба назар гирифта шуда, талаботи беҳдоштӣ ва тавсияҳои ниҳодҳои марбута риоя гарданд ва аз ҳузур дар ҷойҳои ҷамъиятии серодам парҳез шавад.
Зимнан таъкид шудааст, ки тоҷикистониёни дар хориҷи кишвар қарордошта метавонанд дар ҳолати зарурат ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ муроҷиат кунанд.
Гуфта мешавад, намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷа ҳолати шуюи вируси мазкурро пайваста пайгирӣ намуда, мусоидати заруриро ба шаҳрвандон мерасонанд.
“Ҳамзамон бояд дар назар дошт, ки дар асоси талаботи беҳдоштию эпидемиологӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ дар сурати аз Ҷумҳурии Корея, Эрон, Италия, Афғонистон ва Чин ба Тоҷикистон ворид шудан, ба мақсади пешгирии интишори коронавирус дар хоки кишвар ба муддати 14 рӯз ба карантин фаро гирифта мешаванд”, – омадааст дар маълумоти ВКХ Тоҷикистон.
Қобили зикр аст, ки то 6 март дар берун аз ҳудуди Чин дар 76 кишвар зиёда аз 12 ҳазор нафар ба коронавирус мубтало шуданд. Дар хориҷ аз қаламрави Чин ҳамагӣ 12668 ҳолати сирояти Covid-19 ба қайд гирифта шуда, 214 нафар фавтиданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.