Душанбе. 23-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Соли 2010 тантанаҳои ҷумҳуриявии Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ баргузор хоҳад гашт.
Дар ин бора ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон амр дод.
Хотиррасон бояд кард, ки ҷашни Ваҳдати миллии Тоҷикистон ҳар сол дар минтақаҳои гуногуни кишвар баргузор гашта, ба таъмини бештари робитаи сокинони ҳамаи гӯшаҳои Ватани азизи мо ва ҳамчунин ба ободу зебо гаштани шаҳру ноҳияҳо мусоидат мекунад.
Интизор меравад, ки дар зарфи ду соли оянда дар чаҳорчӯби омодагӣ ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ҳам дар доираи нақшаю барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳру ноҳияҳои ин минтақаи баландкӯҳи Тоҷикистони биҳиштосо хеле ободу зебо мегарданд. дар ин бора аз дафтари матбуоти срвари давлат хабар доданд.