Дар ҷашни “Рӯзи модар” гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ва ширкати “Оби зулол” иқдомеро ба роҳ монда, зимнан автобуси идона зинатёфта ба занон бепул хизматрасонӣ кард. Ба ҳамаи бонувоне, ки ба ин мусофиркаш медаромаданд, гул ва туҳфа тақдим карда шуд.
Ширкати «Оби Зулол» ва тамғаи ширини он RC Cola Tajikistan се сол инҷониб ин иқдоми наҷиби “Азия-Плюс”-ро дастгирӣ мекунад. Иқдоми имсола ба 25-солагии таъсисёбии мо рост омад.
Ба баргузории ин иқдом ба сифати шарикон «ТАХ Ҳумо», ширкатҳои «Покиза» (Pokiza) ва «Неодерм» низ саҳм гузоштанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.