Ротаи баргузидаи таъиноти махсуси Вазорати мудофиаи Ӯзбекистонро, ки рӯзи 10-уми март ба Тоҷикистон омад, сокинони маҳаллӣ ва аҳли ҷомеа дар марзи ду кишвар бо нону намак ва рақсу тарона пешвоз гирифтанд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон, низомиёни кишвари ҳамсоя дар тамринҳои муштараки зиддитеррористии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки аз 11 то 14 март дар машқгоҳи “Фахробод” ҷараён мегирад, иштирок мекунанд.
Дар ин тамринҳо таҳти роҳбарии вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо амалҳои муштараки намояндагони артиши ҳар ду кишвар дар мавриди иҳота ва маҳви террористони шартӣ, ки дар қитъаи пайвастшавии сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон марзро убур кардаанд, мавриди санҷишу такмил қарор мегиранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.