Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ва USAID таҷҳизоту лавозимоти муҳофизати шахсӣ аз коронавирусро ба ихтиёри Тоҷикистон супурданд, ки барои ҳайати кормандони тиббии беморхонаҳо пешбинӣ шудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, маводи тақдимшуда – ниқобҳо, дастпӯшакҳо ва хилъатҳо барои кормандони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати фаъолият дар пешгирии сирояти коронавирус хеле муҳим мебошанд.
“Ҳамаи ин корҳо барои он анҷом дода мешаванд, то ки кишвар ба вуруди эҳтимолии вирус ба таври бояду шояд омода бошад, – гуфт роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии аврупоии СҶТ дар ҶТ Галина Перфилева. – Шумо медонед, ки имрӯз дар 114 кишвари дунё, ки аз се ду ҳиссаи аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Аз ин рӯ, барои омода будани низоми тандурустии Тоҷикистон ҳамаҷониба тадбирҳо андешида мешаванд”.
Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ аз номи ҳукумат ва роҳбарияти вазорат ба ҳукумати ИМА, хусусан, ба барномаи USAID, ки яке аз шарикони стратегии вазорат дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад, изҳори сипос кард.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати харидории сару либоси муҳофизатии инфиродӣ ва дигар таҷҳизоти тиббӣ маблағҳои муайян ҷудо мешавад.
Зикр мегардад, ки то имрӯз дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо сарфи назар аз ин, чораҳои пешгирӣ аз интиқоли он ба кишвар рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд.
То 12-уми марти соли равон 1594 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Эрон, Афғонистон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Италия ба Тоҷикистон ворид гардиданд, ба карантин фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора то дирӯз 1237 нафарашон ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни замон 357 нафари онҳо дар карантин қарор доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.