Дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе фаъолони муҳити зист рӯзи 15-уми март иқдоми дарахатшинонӣ баргузор карданд. Дар ҷараёни он бо иштироки беш аз 2 ҳазор сокини пойтахт 2020 бех ниҳол шинонида шуд.
“Хурсандем, ки шаҳрвандони зиёд худро бетараф нагирифта, иқдоми моро дастгирӣ карданд ва ба беҳбуди вазъи экологии шаҳр саҳми воқеӣ гузоштанд”, – навиштааст дар саҳифаи фейсбукии худ яке аз созмондиҳандагони иқдом Наврӯз Одинаев.
Қобили зикр аст, ки баргузории ин иқдом аз ҷониби шаҳрдории Душанбе ва Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон дастгирӣ ёфт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.