Имрӯз дар Душанбе ҳайати нави 1-уми март интихобшудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.
Дар кори иҷлосияи аввал ба ҷуз 63 вакил, ҳамчунин раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳузур дошт.
Намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки аксари кулли вакилони палатаи поёнии парлумонро ташкил медиҳанд, ба вазифаи раиси парлумон номзадии Маҳмадтоир Зокирзодаро пешниҳод карданд. Тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ӯ раиси нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуд.
Раиси нави парлумон зимни суханронӣ ба ҳамтоёни худ итминон дод, тамоми неру ва имкон, донишу таҷрибаашро ба рушди Тоҷикистон ва ҳифзи сулҳу некӯаҳволии мардум равона мекунад.
Бо пешниҳоди раиси нави парлумон вакилони мардумӣ 3 муовини ӯро интихоб карданд.
Собиқ котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода муовини аввал, собиқ раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим ва вакили даъвати пешинаи палатаи поёнии парлумон Дилрабо Мансурӣ муовинони ӯ интихоб шуданд.
Маълумотномаи “Азия-Плюс”
Маҳмадтоир Зокирзода 24-уми июли соли 1956 дар ноҳияи Рашт ба дунё омадааст. Донишкадаи кишоварзии Селиноградро бо ихтисоси муҳандис-заминсоз хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро сли 1985 ба ҳайси муҳандис-заминсоз дар пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии “Тоҷикгипрозем” оғоз кардааст. Тӯли солҳои гуногун дар Шӯрои вазирони Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва ба ҳайси раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дошт.
Дар вазифаҳои директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати ҶТ (соли 2008), раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии ҶТ (соли 2010) ва вазири кишоварзии ҶТ (солҳои 2015-2016) низ кор кардааст. Аз моҳи марти соли 2016 то марти соли 2020 муовини сарвазири Тоҷикистон буд.
Оиладор, соҳиби 2 фарзанд мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.