spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Пешниҳоди Маҳмадсаид Убайдуллоев доир ба палатаи болоии парлумони доимо амалкунанда

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз замони таъсисёбии он Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 19-уми март дар иҷлосияи хотимавии даъвати охири палатаи болоии парлумон маърӯза кард.

Ӯ пешниҳод кард, ки бо назардошти таҷрибаи бисёре аз кишварҳои дунё палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ доимо амалкунанда шавад.

“Ба фикрам, замоне фаро расидааст, ки ба қонун “Дар бораи Маҷлиси миллӣ” тағйирот ворид карда шавад, ки мувофиқи он раиси Маҷлиси миллӣ ва муовинони ӯ, раисони кумитаҳо аз ҳамаи кору мансабҳои давлатӣ озод ва фаъолияташон доимиву пардохтшаванда гардад”, – қайд кард Убайдуллоев.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аъзои Маҷлиси миллӣ ба пойтахт додани 7,7 ҳазор га заминҳои ноҳияи Рӯдакиро дастгирӣ карданд

Дар маърӯзаи хотимавии худ Убайдуллоев ба ҳамаи аъзои Маҷлиси миллӣ барои кори пурсамар ба хотири рушди кишвар ва таҳкими сулҳу осоиш дар ҷумҳурӣ изҳори сипос кард.

Мутобиқи тағйироту иловаҳои соли 1999 қабулшуда ба Конститутсияи Тоҷикистон, парлумони дупалатагӣ – Маҷлиси Олӣ бо Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнӣ) ва Маҷлиси миллӣ (палатаи болоӣ) таъсис дода шуд.

Қобили зикр аст, ки 25 нафар аъзои палатаи болоии парлумонро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ (5-нафарӣ аз ВМКБ, Суғд, Хатлон, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) интихоб карда, 8 узви Маҷлиси миллиро раисҷумҳури Тоҷикистон таъин мекунад. Собиқ президентҳои Тоҷикистон бо хоҳиши худ метавонанд якумрӣ узви палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ бошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...