Соҳибкорони тоҷик мегӯянд, дар давоми як ҳафтаи охир бар асари боло рафтани қурби доллар маҷбур шуданд, нархи маҳсулоти ниёзи аввалияро то 4-5 сомонӣ гаронтар кунанд.
Қурби расмии 100 доллари амрикоӣ, ки ёздаҳ рӯз пеш ба 975 сомонӣ баробар буд, имрӯз 1020 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тавр, нархи 1 кило картошка аз 3,80 сомонӣ то 5 сомонӣ ва нархи ҳамин миқдор пиёз аз 2,50 сомонӣ то 4 сомонӣ боло рафт.
“Афзоиши нарх ба мо, фурӯшандагон, тамоман вобаста нест. Деҳконону ширкатҳо нархҳоро бардоштанд. Мо ҳам маҷбурем, ба мардум бо арзиши бештар фурӯшем. Замона ҳамин аст, ҷойи гила не. Ман 25 сол инҷониб ба тиҷорат машғулам. Замоне буд, ки 1 кило шакар 2,50 сомонӣ нарх дошт. Ҳоло аз 7 сомонӣ кам намефурӯшам”, – гуфт яке аз савдогарони бозори “Меҳргон”.
Ба гуфтаи тоҷирон, имкон дорад, ки нархҳо боз гаронтар шаванд.
“Ҳозир ширкатҳо ба мо як қисми борҳои дар захира доштаашонро фурӯхтанд. Агар ба ин қарибӣ роҳҳо кушода нашаванду онҳо аз Русия бори нав ворид карда натавонанд, пас, маҷбур мешаванд, нархи захираи боқимондаи худро боз гаронтар карда, ба мо диҳанд. Асосан, онҳо аз Русия макарон, равған, гречкаву дигар навъи масулоти ғизоӣ меоранд”, – иброз дошт фурӯшандаи дигари бозори марказии пойтахт.
Дар инфографикаи зер нархҳои бозори “Меҳргон” ва гипермаркети “Ашан” инъикос шудаанд.