Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз, 6-уми апрел аз боғҳои пойтахт боздид карда, бо нашъунамои гулу дарахтон шинос шуданд.
Зимни боздид раисҷумҳур бо ҳолати парваришу нигоҳубини гулҳо ва дарахтони нодири ороишӣ шинос шуда, ба масъулини муассисаҳои фароғатӣ барои тозаю озода нигоҳ доштани онҳо дастуру ҳидоятҳо дод, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат, .
Ӯ дар “Боғи Ирам” иштирокчии бевоситаи барномаи базми гули лола гардид, ки он аз ҷониби кормандони Идораи барномаҳои фарҳангию фароғатии телевизиони Тоҷикистон дар як мавзеи зебои Боғи Ирам сабт мешуд.
Гуфта мешавад, ҷавонон, иштирокчиёни барнома донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар ҳузури президент дар васфи лола ва зебоиҳои табиати диёр шеърҳо хонданд.
Раисҷумҳур баъд ази шиносоӣ бо ҳолати нашъунамои гулҳо ва дарахтон дар боғҳои пойтахт ба раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони боғҳои фарҳангию фароғатӣ ҷиҳати боз ҳам зебо гардонидани кӯчаю хиёбонҳо, марказҳои фароғатӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ дастуру супоришҳо дод.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.