Дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) масъалаи имкони мавқуф гузоштани муҳлати пардохти қарзҳо бар асари паёмадҳо аз коронавирус ба иқтисоди кишвар баррасӣ мешавад.
“Айни замон ин масъаларо баррасӣ дорем. Вазъро таҳлил мебояд кард”, – хабар дод ба рӯзноманигорон рӯзи 8-уми апрел дар Душанбе раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода.
Ба гуфтаи ӯ, ба чӣ пайомадҳо дучор шудани бонкҳоро аз роҳандозии чунин тадбирҳо арзёбӣ кардан лозим аст.
Нурмаҳмадзода таъкид дошт, ки қарзҳои аз ҷониби бонкҳо пешниҳодшуда асосан аз амонатҳои аз аҳолӣ ҷалбгардида иборатанд.
“Яъне ин саҳмҳои аҳолӣ буда, дар ин сурат лозим меояд ба одамон бифаҳмонем, ки онҳо фоизҳояшонро аз рӯйи амонат саривақт ва пурра гирифта наметавонанд”, – шарҳ дод ӯ.
Зимнан илова шуд, ки “ин масъалаи хеле душвор” буда, танҳо пас аз таҳлили ҳамаҷониба метавон сари хулосае расид.
Қобили зикр аст, ки ба ҷуз Туркманистон, дигар дар ҳама кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ чунин чораҳои мавқуф гузоштани муҳлати пардохти қарзҳо роҳандозӣ шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.