Дар иҷлосияи якуми палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ даъвати шашум, ки имрӯз, 17 апрел доир гардид, Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, узви палатаи болоии парлумон Низом Қосим ба кори иҷлосия ҳусни оғоз бахшид. Номзадии Рустами Эмомалӣ ба вазифаи раиси Маҷлиси миллӣ пешбарӣ шуд.
Бо аксарияти кулли овозҳо раисони вилояти Суғд ва ВМКБ Раҷаббой Аҳмадзода ва Ёдгор Файзов мутаносибан муовини якум ва муовини раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуданд.
Раиси шаҳри Душанбе ва писари президенти мамлакат Рустами Эмомалӣ моҳи марти соли ҷорӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи пойтахт интихоб шуд. Дар иҷлосияи якуми Маҷлисҳои шаҳрӣ ва ноҳияҳои Маҷлиси вакилони халқ рӯзи 27 март якдилона узви палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ интихоб шуд.
То ин дам Маҳмадсаид Убайдуллоев, собиқ раиси пойтахт аз соли 2000-ум, замони таъсиси палата билоиваз Маҷлиси миллии ҷумҳуриро роҳбарӣ мекард.
Ёдрас мекунем, ки аз 33 аъзои Маҷлиси миллӣ 25 нафарашонро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ (5-нафарӣ аз ВМКБ, Суғд, Хатлон, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) интихоб карда, 8 узви Маҷлиси миллиро президенти Тоҷикистон таъин мекунад. Собиқ президентҳои Тоҷикистон бо хоҳиши худашон метавонанд якумрӣ узви палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ бошанд.
Маҷлиси миллӣ асосан санадҳои қонунгузории аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулшуда, номзадии прокурори генералӣ, судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди олӣ ва Суди олии иқтисодиро тасдиқ мекунад.
Мувофиқи муқаррароти моддаи 71 Конститутсияи Тоҷикистон, ҳангоми вафот, истеъфо ва ғайри қобили амал донистани Президент вазифаи ӯ то ба вазифааш шурӯъ намудани Президенти нав ба зиммаи Раиси Маҷлиси миллӣ мегузарад. Дар ҳолатҳои зикршуда дар муҳлати се моҳ интихоботи Президент гузаронида мешавад.
Маълумотномаи “Азия-Плюс”
Рустами Эмомалӣ 12 январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифаи раиси пойтахт таъин шуд. То ин дам Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро роҳбарӣ мекард. Дар паҳнои ИДМ ӯ ҷавонтарин генерал мебошад.
Рустами Эмомалӣ 19 декабри соли 1987 таваллуд шудааст. Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси “Муносибатҳои байнулмилалии иқтисодӣ” хатм кардааст. Шунавандаи курсҳои Академияи дипломатии назди ВКХ Русия мебошад.
Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ кор карда, муовини раиси Иттифоқи ҷавонони ҶТ буд. Яке аз муассисони дастаи футболи “Истиқлол”, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.