Ин сурудро овозхони тоҷик Эркин Одинаев бар матни шоири ҷавон Саид Ризо сароид.
Эркин Одинаев ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки барои ба оҳанг даровардани шеър як рӯз вақт сарф шуда, таҳияи клип (намоҳанг)-и он муддати зиёдтар – 4 рӯзро дар бар гирифт.
“Ин тарона ба бародарони муҳоҷири мо, ки дар Русия кор мекунанд ва ҳамаи ҳамватанон дар гӯшаву канори дунё бахшида шудааст, то ки Худо ба онҳо меҳрубонӣ карда, моро аз ин вирус эмин нигоҳ дорад. Умедворам, ки коронавирус ҳеҷ гоҳ ба Тоҷикистон роҳ намеёбад”, – гуфт сароянда.
Дар муддати панҷ рӯз ин намоҳангро беш аз 225 ҳазор маротиба тамошо карданд.
Қобили зикр аст, ки чанд рӯз пеш ҳунармандони шимоли ҷумҳурӣ ба шеъри шоираи шинохта Фарзона дар бораи коронавирус таронаеро сароида буданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.