Нархҳои маҳсулоти ниёзи аввали мардум дар Тоҷикистон гарон шуд. Ба ҳисоби миёна – ду баробар. Масалан, нархи картошка хеле боло рафт: як моҳ пеш дар Душанбе он ба ҳисоби миёна 4 сомонӣ арзиш дошт, аммо ҳозир 1 килои он аз 6 то 9 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Картошкаи нисбатан арзонро дар ярмаркаҳои назди бозорҳо ёфтан мумкин аст, лекин дар ин ҷо онро ба миқдори маҳдуд мефурӯшанд.
“Ба миқдори маҳдуд (лимит) мефурӯшем – ба як кас 5 кило, – мегӯяд фурӯшандае, ки субҳ 2 тонна картошкаи ҳосили навро аз ноҳияи Панҷ овардааст. – Ин барои он аст, ки ба ҳама расад”.
Чаро маҳсулот якбора то ин андоза қимат шуд? Мардум имкону тавон доранд, ки маҳсулоти ғизоиро бо ин нархҳо бихаранд? Онҳо чӣ мегӯянд?
Дар Тоҷикистон давраи камбуди картошка фаро расид. Картошкаи соли гузашта сарф шуда, ҳосили нав ҳоло нарасидааст. Азбаски сарҳад бастааст, воридоти картошка аз кишварҳои хориҷӣ тамоман қатъ шудааст ё ба миқдори хеле кам сурат мепазирад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.