Рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф яке аз панҷ рукни Ислом аст.
Аз имшаб дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон оғоз мешавад. Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19), Шӯрои уламои Тоҷикистон аз 18-уми апрел баргузории намозҳои ҷамоат – панҷвақта, ҷумъа ва таровеҳро дар масҷидҳои кишвар ва ҷамоатхонаҳо то беҳбуд ёфтани вазъият манъ карда буд.
Бароятон тақвими моҳи шарифи Рамазони имсоларо пешкаш мекунем.
Шӯрои уламои ҷумҳурӣ мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закотро 21000 сомонӣ муқаррар кард, ки аз он 525 сомонӣ закот дода мешавад.
Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ муайян гардид. Зимнан тавсия шуд, ки бо назардошти вазъи кунунӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ садақаи фитр ба ниёзмандону маъюбон ва ятимон дода шавад.
Фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2020 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва бемороне, ки аз сиҳатшавии онҳо умеде нест, ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.