Шавҳар ва писари Ойимгул Тошева дар Русия қарор доранд. Айни замон онҳо бекор монда, имкон надоранд, ки ба хона пул фиристанд.
Дар ин оила ду нафарашон донишҷӯянду ҳозир дар мактаб таҷрибаомӯзӣ мекунанд. Феълан дар хонаи бибиашон, ки дар паҳлӯи мактаб аст, зиндагӣ мекунанд, чунки барои аз хона то мактаб рафтан роҳпулӣ надоранд. Барои хӯрок аз хешовандон пул қарз мегиранд.
Оилаи Ойимгул аз бонк ҳам қарздор аст. Замоне онҳо мағоза дошта, ба муфлисӣ дучор шуданд ва акнун 9 сол инҷониб ҳар моҳ ба бонк 130 доллар маблағ пардохт мекунанд. Кормандони бонк алҳол шароитро мефаҳманд, лекин ин дер давом нахоҳад кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.