Субҳи имрӯз 144 контейнери мобилии тиббӣ, ки барои ҷойгиркунӣ ва муолиҷаи беморони коронавирус пешбинӣ шудаанд, бо қатора аз Ӯзбекистон ба Душанбе оварда шуданд. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 7-уми май ба ҳукумат дастур дод, ки ин контейнерҳо ба сифати кумаки башардӯстона таъҷилан ба Тоҷикистон фиристода шаванд.
Чунин контейнерҳо ба сифати беморхона дар давраи пандемияи коронавирус истифода шуда, сарбории беморхонаҳоеро, ки барои қабули беморон ҷой надоранд, кам мекунанд.
Контейнерҳо бо кату ҷиҳози хоб, ҳаммом, ҷойи шустушӯву обу корез ва кондитсионерҳо муҷаҳҳазанд. Аз ин контейнерҳо дар варзишгоҳи “Бофанда” (собиқ “Текстилшик”, рӯ ба рӯйи корхонаи нассоҷӣ) дармонгоҳи сайёр сохта мешавад.
Ин нахустин нашри бахши нави мо – “Навбатдор дар шаҳр” аст. Хабарнигори моро пайгирӣ кунед ва аз рӯйдодҳои пойтахт огоҳ шавед.
Аксҳо аз ҷараёни оғози кори сохтмони дармонгоҳи сайёр
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.