Ваъдаи роҳбарияти ҳукумат доир ба афзудани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо аз 1-уми сентябр иҷро хоҳад шуд.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати молияи Тоҷикистон хабар доданд, маблағи зарурӣ барои иҷрои ин дастур дар буҷети соли равон ба назар гирифта шудааст.
“Соли ҷорӣ барои пардохти музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо дар маҷмӯъ беш аз 9 млрд сомонӣ равона мешавад. Ин моддаҳои ҳифзшудаи буҷет мебошанд, ки барои ҳукумат афзалиятноканд ва мо уҳдадорем, ки ин моддаҳоро саривақт ва дар ҳаҷми пурра маблағгузорӣ кунем”, – изҳор доштанд дар Вазорати молия.
Ёдрас мекунем, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми ахири худ ба парлумон дастур дод, ки аз 1-уми сентябр музди меҳнати кормандони буҷет, ҳамчунин нафақа ва стипендияҳо ба андозаи 10-15% зиёд карда шаванд.
Пешниҳод шуд, ки маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳаҷми 10%, дигар муассисаҳои буҷетӣ, ҳамчунин нафақа ва стипендияҳо 15% боло бурда шаванд.
Ба ҷуз ин, болоравии ҳаҷми нафақаи маъюбони то синни 18-сола, гурӯҳи шахсони маъюби бекор ва ба нигоҳубин ниёздошта ба андозаи 50% дар назар аст.
Айни замон музди меҳнати ҳадди ақал дар Тоҷикистон – 400 сомонӣ (41 доллар) ва музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналӣ – 1357 сомонӣ (140 доллар)-ро ташкил медиҳад.
Маблағи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ ба 303 сомонӣ (31 доллар) баробар аст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ба аввали моҳи марти соли равон маблағи умумии қарз аз пардохти музди меҳнат бо назардошти солҳои пешин 48 миллиону 536 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 5 миллион доллар)-ро ташкил медиҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.