Azam – аввалин тамғаи истеҳсоли пойафзол дар Тоҷикистон аст. Оксфорд, манки, брогиҳоро дар ин ҷо аз чарми табиӣ медӯзанд. Нархи миёнаи онҳо 250 сомонӣ мебошад. Барои мисол, чунин пойафзоли дӯхти дастӣ дар Итолиё навъи олӣ шуморида шуда, бо нархи даҳҳо маротиба гаронтар фурӯхта мешавад.
Ровии барномаи Made in Tajikistan Рафаэл Гулов ба яке аз коргоҳҳои ин тамға дар Душанбе рафта, бо ҷараёни истеҳсолот шинос ва бо молики он – соҳибкори ҷавон Аъзам Аҳруллоев ҳамсуҳбат шуд.
Дар ин гузориш оид ба истеҳсоли пойафзол ва маснуоти чармӣ, инчунин чӣ тавр аз ҷониби соҳибкор ҷалб шудани 25 ҳазор доллар сармоягузорӣ маълумот медиҳем.
Дар охири навор туҳфа – озмун аз Аъзам барои корбарони Asia-Plus.
Made in Tajikistan – лоиҳаи нави видеоии “Азия-Плюс” мебошад. Ровии мо – блогери шинохта Рафаэл Гулов аз корхонаҳои бузург ва хурди кишварамон, ки ба рушди иқтисод саҳм мегузоранд, боздид мекунад. Ӯ дар видеогузориши худ маълумот медиҳад, ки ин корхонаҳо чӣ истеҳсол мекунанд, киҳо фаъолият менамоянд ва ба куҷо маҳсулоти худро мефиристанд. Мо ҳам истеҳсолот дорем ва дар он одамони зиёд кор мекунанд!
Шарики кулли лоиҳаи мо яке аз ширкатҳои соҳибтаҷриба дар соҳаи тарроҳӣ ва бунёди иншооти энергетикӣ – ҶСП “ТАДЭС” мебошад. “ТАДЭС” – 81 сол дар саргаҳи сохтмони саноат.
Шарики расмии лоиҳа Фонди ҷамъиятии Accelerate Prosperity (“Соҳибкорӣ ва рушд”) – бизнес-инкубатор мебошад, ки барои оғоз бахшидани лоиҳаҳо ба маблағи то 50 ҳазор доллар кумак мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.