Ду мансабдори соҳаи тандурустии вилояти Хатлон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаҳои худ озод карда шуданд.
Як манбаъ аз Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки бо дастури вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 13-уми май сардухтури беморхонаи клиникиии вилоят ба номи Бӯрӣ Воҳидов дар шаҳри Бохтар Алихон Нурализода аз вазифа озод шудааст.
“Тибқи дастури Ҷамолиддин Абдуллозода, сардухтури беморхонаи вилоятӣ Алихон Нурализода бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод ва ба ҷойи ӯ Шамсулло Олимзода, ки то ин вақт вазифаи сарвари Маркази бемориҳои сили вилоятро ба уҳда дошт, таъин карда шуд”, – гуфт манбаъ.
Вале ӯ нагуфт, ки Алихон Нурализода ба кадом вазифа таъин шуд.
Ҳамчунин ба иттилои ин манбаъ, сарвари Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон Каримхон Абдураҳмизода низ бо дастури вазир аз вазифа озод шуд.
Нурулло Бояков бар асоси фармони сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба вазифаи сарвари Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон таъин карда шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.