Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20 май бо фаъолияти як қатор иншооти таъиноти соҳаи тандурустии кишвар дар шаҳри Душанбе шинос шуд.
Зимни суханронӣ бо роҳбарони кормандони соҳаи тандурустӣ сарвари давлат ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо ва пешгирӣ намудани паҳншавии минбаъдаи ин бемории сироятӣ дар мамлакат, роҳандозии тадбирҳои иловагии зеринро зарур донист:
1. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолӣ фаъолияти бонизоми бемористону дармонгоҳҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббиро зери назорати қатъӣ қарор дода, барои таъмин намудани онҳо бо доруворӣ, таҷҳизоти муосири тиббӣ ва маводи ғизоиву беҳдоштӣ тадбирҳои фаврӣ андешад ва ба Ситоди ҷумҳуриявӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳа саривақтӣ гузориш пешниҳод намояд. Таъкид месозам, ки ҳоло аз лиҳози таъминот ягон мушкилӣ нест ва зарур аст, ки дар муассисаҳои тиббӣ сатҳу сифати хизматрасонӣ ба беморон боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад.
Дар баробари ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешавад, ки:
– барои омода кардани табибони сироятшинос ва ҳамшираҳои шафқат аз ҳисоби мутахассисони соҳаҳои дигари тиббӣ дар ҳар як шаҳру ноҳия курсҳои кӯтоҳмуддат таъсис диҳад;
– таъминот бо доруворӣ, либосҳои муҳофизат ва маводи зиддивирусиро дар кишвар муайян карда, рӯйхати онҳоро ҳар рӯз бо Ситоди ҷумҳуриявӣ мувофиқа созад;
– табобати шахсонеро, ки гирифтори бемории коронавирус ва илтихоби шуш нестанд, тавассути духтурони оилавӣ дар хонаҳо ба роҳ монда, хизматрасонӣ ва раванди табобати онҳоро қатъӣ назорат намояд;
– барои риояи қоидаҳои беҳдоштии ҳар як сокини мамлакат варақаҳои тавсиявиро паҳн намояд ва корҳои фаҳмондадиҳиро тавассути табибону мутахассисон ҷоннок гардонад;
– дар раванди пешгирӣ кардан ва табобати ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории коронавирус зарур аст, ки ба масъалаи ҷалби равоншиносон барои ба мардум фаҳмонидани масъалаҳои вобаста ба риояи оромӣ, тартибу низом, риояи қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ ва таркиби ғизои истеъмолшавандаву тарзи ҳаёти солим эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад;
– аз ҳисоби олимони соҳаҳои тиб, физика, химия, биология, генетика ва дигар бахшҳо гурӯҳи корӣ таъсис дода, сабабу оқибатҳои ин бемориро муайян намояд ва ҷиҳати амалӣ кардани тавсияҳои онҳо тадбирҳои саривақтӣ андешад;
– бо мақсади муҳайё намудани шароит ва сабук намудани ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми бақайдгирӣ ва истеҳсоли маводи доруворӣ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти фарматсевтӣ» чораҷӯӣ намояд;
– якҷоя бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Академияи миллии илмҳо, Академияи илмҳои кишоварзӣ истеҳсоли таҷҳизоти аввалияи тиббӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ ва доруворие, ки аз гиёҳҳои шифобахши кишвар омода мешаванд, ҳарчи зудтар ба роҳ монад;
– марказҳои солимгардонӣ ва дигар марказҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро вазифадор намояд, ки фаъолияташонро дар самти пешгирӣ кардани бемориҳои сироятӣ миёни аҳолӣ пурзӯр гардонанд;
– бо ҷалби олимон ва табибону мутахассисони баландихтисос тавассути шабакаҳои телевизиону радиои марказиву маҳаллӣ мунтазам барномаҳо ташкил карда, фаҳмонидани қоидаҳои беҳдоштиву тозагӣ, тарзи пешгирӣ ва табобати бемориҳо бо забони одӣ ва ба мардум фаҳмо идома дода шавад;
– Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав ва Академияи миллии илмҳо ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятии намудҳои нав барномаи давлатии ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар тайёр кардани кадрҳои соҳаи тандурустӣ, махсусан, мутахассисони бахшҳои вирусология, эпидемиология, реаниматология ва бозомӯзии онҳо, инчунин, дар истеҳолот ҷорӣ кардани ваксинаҳо, маводи доруворӣ ва воситаҳои муҳофизатро таҳия карда, дар давоми ду моҳ пешниҳод намоянд.
2. Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ва Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки ба сатҳу сифати дорувории воридшаванда диққати аввалиндараҷа дода, ворид шудани доруҳои пастсифат ва муҳлаташон гузаштаро пешгирӣ кунанд.
3. Раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати идома додан ва пурзӯр намудани корҳои безараргардонӣ, тарғибу ташвиқи чораҳои мубориза бар зидди пандемияи нав чораҷӯӣ карда, пӯшидани ниқобҳои муҳофизатро дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ, мағозаву дорухонаҳо ва бозорҳо зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд, ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат кумакҳои моддӣ ва маънавӣ расонанд ва беморхонаву дармонгоҳҳо, марказҳои табобатӣ ва бунгоҳҳои тиббиро бо доруворӣ, таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва маводи ғизоӣ таъмин намоянд ва аз натиҷаи корҳои иҷрошуда ҳар се рӯз ба Ситоди ҷумҳуриявӣ гузориш диҳанд.
4. Дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати таҳияи системаи чорабиниҳои илмӣ барои аз байн бурдани бемории КОВИД – 19 дар ҳайати табибони вирусолог, бемориҳои сироятӣ, кимиёдонҳо, дорушиносон, дорусозон ва технологҳо Шӯрои байниидоравӣ таъсис дода шавад.
5. Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо олимони соҳаи тиб ва табиатшиносӣ истеҳсоли доруҳои аз гиёҳҳои шифобахш омодашаванда, ниқобҳо ва либосҳои безараргардониву санитариро ба таври фаврӣ зиёд намояд ва дар ҳар як ҷаласаи ситод доир ба корҳои анҷомдодашуда гузориш диҳад.
Дар баробари ин, механизми таъсиси корхонаҳои хурди давлатиро оид ба истеҳсол ва таъмин кардани беморхонаву марказҳои тиббӣ бо оксигени тоза омӯхта, ба Ситоди ҷумҳуриявӣ пешниҳоди мушаххас манзур намояд.
6. Роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои тиббие, ки дар онҳо гирифторшудагони ин беморӣ табобат мегиранд ё таҳти назорати табибон дар карантин ҳастанд, хароҷоту истифодаи сарфакоронаи маблағҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва Фонди захиравии Президенти мамлакат ҷудошуда, инчунин, кумакҳоеро, ки аз ҷониби кишварҳои дӯст ва шарикони рушд, созмонҳои байналмилалӣ, соҳибкорони ватандӯст ва дигар ашхоси хайрхоҳу саховатманд расонида шудаанд, таъмин намоянд.
Ситоди ҷумҳуриявӣ якҷо бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ин масъаларо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.
7. Ба роҳбарону масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони муассисаҳои ташхису табобат ва ҳар як табиб супориши қатъӣ дода мешавад, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ бо масъулияти баланд ва бовиҷдонона муносибат карда, хизматрасониро ба аҳолӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монанд ва ҳаёти инсонро, ки арзиши олӣ мебошад, ҳаматарафа ҳифз карда, нагузоранд, ки дар натиҷаи як ҳолати фориғболӣ, бемасъулиятӣ ё нофаҳмӣ касе аз ҳаёт маҳрум гардад.
Онҳо бояд ба савганди касбии худ содиқ бошанд, садоқати худро дар чунин лаҳзаҳои барои давлату мардуми кишвар душвор исбот намоянд ва фаромӯш насозанд, ки табиб бояд бо беморон муомилаи хуб дошта бошад. Чунки як шарти муҳимми табобат забони ширини табиб аст. Мо ба заҳмати шабонарӯзии табибон арҷ мегузорем ва онҳоро, албатта, қадр мекунем.
8. Тамоми муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, корхонаҳои дорусозӣ, дорухонаҳо ва ширкатҳое, ки ба кишвар маводи доруворӣ ворид менамоянд, ба реҷаи кори шабонарӯзӣ гузаронида шуда, талаботи аҳолии мамлакат бо маводи доруворӣ ва таҷҳизоту ашёи тиббӣ сари вақт таъмин карда шавад. Вазъияти баамаломада бори дигар андешаву таъкидҳои дар мулоқот бо олимону аҳли зиёи кишвар зикргардидаро исбот намуд.
Яъне табиати Тоҷикистон тамоми намуди гиёҳҳои шифобахш ва барои саноати дорусозӣ заруриро ба мо ройгон додааст, вале то ҳол мо корхонаҳои дорусозие надорем, ки дар шароити баста будани марзҳо ва манъи рафтуомад бо кишварҳои хориҷӣ талаботи мардумро қонеъ намоянд.
Вобаста ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо дигар сохтору мақомоти дахлдор барномаи давлатии рушди саноати дорусозиро таҳия карда, дар муҳлати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
9. Тавре мутахассисони соҳаи тиб, бахусус, равоншиносон медонанд, тарс ва воҳима барангезандаи асосии аксар бемориҳои рӯҳӣ буда, инсон дар натиҷаи таҳлука ва ҳаяҷони шадид метавонад ба бемориҳое мубтало гардад, ки оқибатҳои онҳо аз вируси нав вазнинтаранд. Ба гурӯҳи чунин бемориҳо диабети қанд, саратон, бемориҳои қалб, гепатит ва баъзе бемориҳои дигар дохил мешаванд. Ҳар як шахс бояд дар мавриди эҳсоси нороҳатӣ ва пайдоиши нишонаҳои беморӣ бидуни тарс ба табибон муроҷиат намояд, то ин ки табобати он ҳарчи зудтар оғоз карда шавад.
Мо бояд бовар дошта бошем, ки бемории коронавирус дар сурати набудани дигар бемориҳое, ки ҳолатҳои вазнинкунандаро пеш меоранд, табобатшаванда мебошад.
10. Мехоҳам як нуқтаи муҳимро такроран таъкид намоям. Пайдоиш ва дар саросари олам бо суръати тез паҳн гардидани ин беморӣ аксари кишварҳои мутараққӣ ва аз лиҳози технологӣ пешрафтаву дорои иқтидори бузурги саноати дорусозиро дар ҳолати ногувор ва саргумӣ қарор дод.
Чунин вазъ барои мо сабақ мебошад ва мову шуморо водор месозад, ки ба масъалаи тарбияи кадрҳои баландихтисос, бозомӯзӣ ва табодули таҷриба бо мутахассисони кишварҳои пешрафта диққати аввалиндараҷа диҳем ва дар наздиктарин фурсат доир ба рушди саноати дорусозии кишвар тадбирҳои фаврӣ ва мушаххас андешем. Зеро дар чунин шароити вазнину ҳассос касе дар фикри касе нест ва табиист, ки дар чунин ҳолатҳо ҳар як кишвар бо ҳалли мушкилоти худаш банд мешавад.
Тавре ки мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, тағйирёбии иқлими сайёра ва дар натиҷаи он ба вуҷуд омадани фалокатҳои гуногуни табиӣ ва техногенӣ, аз ҷумла обхезӣ, хушксолӣ, фаромадани ярч, обшавии босуръати пиряхҳо ва дигар ҳодисаҳои номатлуб боиси ба вуҷуд омадани бемориҳои гуногун шуда истодаанд. Эҳтимол меравад, ки яке аз сабабҳои пайдоиши бемории коронавирус низ ҳамин омилҳо ба шумор мераванд. Бинобар ин, эътибори ҷиддӣ додан ба масъалаҳои ҳифзи табиат ва нигоҳ доштани тозагии экологӣ вазифаи муҳимтарини тамоми инсоният, аз ҷумла мардуми мо мебошад.
11. Бо истифода аз фурсати муносиб, ба раисони ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориши қатъӣ дода мешавад, ки дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳое, ки беморхонаи касалиҳои сироятӣ надоранд, бо ҷалби соҳибкорони бонангу номус ҳарчи зудтар ба бунёди чунин муассисаҳо оғоз намоянд ва онҳоро то ҷашни сисолагии истиқлоли давлатӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурии тиббӣ ба истифода супоранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.