Дар ҷаҳони имрӯза яке аз тавсияҳои муҳим барои пешгирии паҳншавиии бемории Covid-19 риояи карантини хонагӣ ба ҳисоб меравад.
30-юми апрели соли 2020 зимни ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории Covid-19 аввалин мавриди сироятёбии одамон ба коронавирус дар Тоҷикистон расман эълон шуд.
Айни замон бо назардошти вазъи паҳншавии коронавирус дар кишвар зарур аст, ки аз рӯйи маслиҳати табибон қоидаҳои санитарию гигиенӣ пайваста риояи шаванд. Мубориза бар зидди ин беморӣ кори дастҷамъист, зеро ҳеҷ давлат, вазорати тандурустӣ ё ташкилоту муассиса дар алоҳидагӣ имкони муқовиматро надорад.
Мавзӯи карантини хонагиро барномаи “Робита”-и Телевизиони “Ҷаҳоннамо” пайгирӣ кардааст.
Дар ҷараёни он табибони собиқадор Заррина Боқиева, ки бевосита ба муолиҷаи беморони Covid-19 дар шаҳри Маскав, пойтахти Федератсияи Русия машғул аст ва Фирдавс Рауфов, сардори шуъбаи дастурию методии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ” оид ба ин масъала табодули назар карда, барои мардуми Тоҷикистон тавсияҳои муфид иброз доштанд.