spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Тавсияҳои табибон оид ба истифодаи дурусти ниқобҳои муҳофизатӣ

Нафароне, ки бе ниқоби тиббӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мегарданд, хатари гирифтории онҳо ба бемории COVID-19 меафзояд ва манбаъи сироят ба шахсони дигар шуда метавонанд.

Истифодаи ниқоб яке аз роҳҳои асосии ҳифзи худ ва атрофиён аз сирояти коронавирус мебошад.

Номзади илми тиб Алишер Шукуров мегӯяд: “Вазифаи асосии ниқоб муҳофизати роҳи нафасу даҳон аз барангезандаи бемории сироятӣ мебошад. Вақте шахсе бо шумо ҳамсуҳбат мешаваду ҳар дуятон ниқоб доред, паҳншавии коронавирус ба дараҷаи сифр мефарояд. Масофа бошад, безараркунӣ бошад, ниқоб бошад, мо бо риояи ин метавонем ҳам худро, ҳам оилаамонро ва ҳам атрофиёнро муҳофизат кунем”.

Истифодаи дурусти ниқобҳои тиббӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз қабили нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ аз 1,5 то 2 метр, пайваста шустани дастон, бе зарурат ба кӯча набаромадан ва хонанишинӣ метавонад шумо ва наздиконатонро аз коронавирус ҳимоя кунад.

Барои дарёфти маълумоти бештар аз тамошои ин гузориши видеоӣ баҳравар шавед.

МЕДИА (YOUTUBE)

Дастурамали кӯтоҳ барои пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19

Ниқоби тиббиро кай пӯшидан лозим аст?

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Карантини хонагӣ барои кӣ зарур аст ва чӣ талабот дорад?

• Агар солим бошед, дар вақти нигоҳубини шахси эҳтимолан гирифтори COVID-19 ниқоби тиббӣ пӯшед.

• Агар аломатҳои ин бемории сироятиро дошта бошед, аз ҷумла, сулфаю атсазанӣ, пайваста ниқоб пӯшед.

• Истифодаи ниқобҳои тиббӣ танҳо дар ҳолате самарабахш аст, ки дастони худро пайваста бо собун бишӯед ва ё бо маҳлули антисептикии спиртдор тоза кунед.

• Агар ниқоб пӯшида гардед, бояд бидонед, ки онро чӣ гуна дуруст истифода ва чӣ хел безарар карда, ба куҷо бояд партофт.

Барои ҳимоя аз коронавирус ниқобҳои тиббиро чӣ гуна бояд истифода кард?

• Пеш аз пӯшидани ниқоб дастони худро бо собун бишӯед ва ё бо маҳлули антисептикии спиртдор тоза кунед.

• Даҳону бинии худро бо ниқоб пӯшонед ва бовар ҳосил кунед, ки байни пӯсти рӯйи шумо ва ниқоб фосилае нест.

• Дар вақти истифодаи ниқоби тиббӣ ба он даст нарасонед. Агар ба қисми пеши ниқоб расида бошед, дастони худро бо собун бишӯед ва ё бо маҳлули антисептикии спиртдор тоза кунед.

• Ба даҳону бинӣ ва чашмони худ даст нарасонед.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Барои пешгирии коронавирус ниқоби тиббиро чӣ гуна бояд истифода кард

• Агар ниқоб тар ё ифлос шуда бошад, он бояд зуд бо ниқоби нав иваз карда шавад. Ниқобҳои яккарата набояд дубора истифода шаванд.

• Баъд аз истифода ниқобро аз тарафи пушт (бе расидан ба қисми пеши он) бикашед. Фавран онро ба сатили партови сарпӯшдор партоед. Сипас дастони худро бо собун бишӯед ва ё бо маҳлули антисептикии спиртдор тоза кунед.

• Дар вақти баромадан аз хона бо худ захираи ниқобҳои тиббиро бигиред. Барои ҷамъоварии ниқобҳои истифодакардаи худ як халтача ҳам дошта бошед. Захираи ниқобҳоро барои аҳли оилаи худ низ таъмин кунед.

• Ниқобҳои бисёркарата пас аз истифода бояд дар оби хлордор тар карда шаванд. Сипас онҳоро бо собун шуста, пеш аз дубора пӯшидан бояд дарзмол кард.

• Ниқоб ва дастпокҳои яккаратаро баъд аз истифода ТАНҲО ба сатили партови сарпӯшдор партоед.

Дар ёд дошта бошед: танҳо истифодаи дурусти ниқобҳои тиббӣ ҳамзамон бо риояи дигар тадбирҳои пешгирии сироят – фосилаи ҷисмонӣ, шустани дастон, карантин ва дар зарурат хонашинӣ ба шумо барои ҳимояи худ ва наздиконатон аз коронавирус кумак мерасонад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...