spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Карантини хонагӣ чӣ хел ҷараён мегирад? Тавсияҳои равоншиносу табибон

Дар вазъияти хуруҷи коронавирус аз рӯйи тавсияҳои табибону равоншиносон амал кардани аҳли ҷомеа барои коҳиши сироятёбӣ ва пешгирии таҳлука мусоидат мекунад.

Риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба монанди пайваста шустани дастон бо собун ва ё тоза кардан бо маҳлулҳои антисептикӣ, фосилаи ҷисмонӣ дар хонаву ҷойҳои ҷамъиятӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ, ҳамеша тоза нигаҳ доштани ҷойи зист, дар вақти пайдо шудани аломатҳои сирояти коронавирус муроҷиати саривақтӣ ба табибон ва аз ҳама муҳимаш рӯҳафтода нашудан аз омилҳои асосии пешгирӣ ва муолиҷаи бемории Ковид-19 арзёбӣ мешаванд.

Телевизиони “Азия” дар барномаи “Ҳафта” оид ба карантини хонагӣ маълумоти муфассал пешниҳод кардааст.

Шахсоне, ки дар карантини хонагӣ қарор доранд, бояд чӣ хел нигоҳубин шаванд, то барои атрофиён безарар бошанд? Аз нигоҳи равонӣ кадом амалҳоро иҷро кардан лозим аст, то инсон рӯҳафтода нашуда, саломатияш зудтар барқарор шавад?

Ба ин ва дигар суолҳо мудири шуъбаи санитарии Маркази назорати давлатии санитарию эпимемиологии шаҳри Хуҷанд Раҳмон Муҳаммадиев, равоншинос Муҳаррама Раҳимова ва табиби оилавӣ Мансурҷон Дадобоев посух доданд. Барои дарёфти маълумоти бештар аз тамошои ин видео баҳравар шавед.

МЕДИА (YOUTUBE)

Қоидаҳои карантини хонагӣ барои шахсоне, ки хавфи сирояти COVID-19 доранд

Карантин маҳдуд кардани фаъолият ё ҷудо нигоҳ доштани шахсоне мебошад, ки бемор нестанд, аммо хатари сироятёбии онҳо вуҷуд дорад. Зимнан вазъи саломатии онҳо таҳти назорат қарор дошта, аломатҳои эҳтимолӣ ва ҳолатҳои сироятёбӣ саривақт муайян мешаванд.

Талаботи умумӣ

Карантини хонагӣ 14 рӯз давом карда, аз рӯзи бозгашти шахс аз хориҷи кишвар ё аз лаҳзаи тамоси эҳтимолӣ бо шахси гирифтори COVID-19 оғоз мешавад.

Кормандони соҳаи тиб карантини 14-рӯзаро ба одамоне тавсия дода метавонанд, ки бо шахси гирифтори COVID-19 дар тамос буданд.

Шароити зист барои ташкили карантини хонагӣ

1. Манзили алоҳида вуҷуд дорад (ҳаддалимкон ҳуҷраи алоҳида бо ҳоҷатхонаи ҷудогона), ки дар он шахси эҳтимолан гирифтори коронавирус аз дигар аъзои оила ва ҳамсоягон ҷудо нигоҳ дошта мешавад.

2. Шахси эҳтимолан гирифтори коронавирус ва аъзои оилаи ӯ ба воситаҳои муҳофизати инфиродӣ дастрасӣ доранд (ниқобҳо, дастпӯшакҳо). Зимнан чораҳои бехатарӣ ҳам риоя мешаванд (дастонро пайваста бо собун мешӯянд, хонаро бо латтаи тар пок мекунанд ва тирезаҳоро баъзан кушода мемонанд, то ҳавои хона тоза шавад).

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тавсияҳои табибон оид ба истифодаи дурусти ниқобҳои муҳофизатӣ

3. Дар манзил шахсоне, ки хатари гирифтории онҳо ба COVID-19 зиёд аст, ҳузур надоранд (одамони аз 65-сола боло, кӯдакони то 5-сола, занони ҳомила, шахсони масунияташон суст ва ё гирифтори бемориҳои музмини дил, шуш ё гурда).

4. Дастрасӣ ба телефон ҳаст.

5. Мавҷудияти санадҳои имзокардаи шахси эҳтимолан гирифтори коронавирус, ки риояи ҳатмии қоидаҳои карантинро зимни эълони он аз ҷониби мақомоти давлатӣ тасдиқ мекунад (гирифтани ризоияти огоҳона).

Тавсияҳои умумӣ барои шахсе, ки дар карантини хонагӣ қарор дорад

1. Аз манзили худ набароед.

2. Агар дар манзили истиқоматӣ аъзои дигари оила ҳам бошанд, шахси эҳтимолан гирифтори коронавирус бояд дар ҳуҷраи алоҳида бо дари баста нигоҳдорӣ шавад. Тирезаи ин ҳуҷраи алоҳидаро барои тоза шудани ҳавои он ҳар сари чанд вақт кушодан лозим аст. Баромадан аз ин ҳуҷра танҳо барои қазои ҳоҷат ва дигар ниёзҳои шахсӣ барои муҳлати начандон тӯлонӣ иҷозат аст. Зимнан даҳону бинӣ бояд бо ниқоб пӯшонида шавад.

3. Дар вақти сулфа ё атсазанӣ даҳону бинии худро пӯшонед (масалан, бо рӯймолчаҳои яккарата). Фавран дастони худро бо собун бишӯед ва ё бо маҳлули антисептикии спиртдор тоза кунед.

4. Пеш аз истеъмоли ғизо дастони худро бо собун бишӯед ва ё бо маҳлули антисептикии спиртдор тоза кунед. Ин амалро пас аз қазои ҳоҷат низ бояд иҷро кард. Аз дастпокҳои яккарата барои тоза кардани дастони худ истифода кунед.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ораши Алоӣ: “85% шахсони гирифтори COVID-19 бидуни табобат сиҳат мешаванд”

5. Агар шароит бошад, аз ҳоҷатхонаи ҷудогона истифода кунед.

6. Агар таби одами эҳтимолан сироятёфта баланд шавад ё ӯ худро бад ҳис кунад, ба табиби оилавӣ муроҷиат кунед, ё барои гирифтани машварат оид ба амалҳои минбаъда ба телефонҳои 511, 311 занг занед.

7. Агар шахсе, ки дар карантин қарор дорад, гирифтори бемориҳо бошад (фишорбаландӣ, диабети қанд, сил ё бемории дигар), ӯ бояд бо машварати табиб доруҳои худро аз рӯйи ҷадвали тавсияшуда бидуни қатъи муолиҷа истеъмол кунад.

Тавсияҳои умумӣ барои хешовандони шахсе, ки дар карантини хонагӣ қарор дорад

1. Шумораи аъзои оиларо, ки ба ҳуҷраи карантинӣ даромада метавонанд, кам кардан лозим аст. Бояд фақат ба як одами солиме, ки бемориҳои музмин надорад, барои даромадан иҷозат дода шавад.

2. Одамон набояд ба аёдати шахси эҳтимолан гирифтори коронавирус биёянд.

3. Ҳамаи аъзои оила бояд дастони худро пайваста бо собун бишӯянд.

4. Шумо дар вақти даромадан ба ҳуҷраи карантинӣ бояд ниқоби тиббӣ пӯшед, ки даҳону биниро нағз маҳкам кунад. Агар ниқоб тар ё ифлос шуда бошад, он бояд зуд бо ниқоби нав иваз карда шавад. Ниқобро бе расидан ба қисми пеши он бикашед. Фавран онро ба сатили партови сарпӯшдор партоед. Сипас дастони худро бо собун бишӯед ва ё бо маҳлули антисептикии спиртдор тоза кунед.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Барои пешгирии коронавирус ниқоби тиббиро чӣ гуна бояд истифода кард

5. Дастпӯшакҳои якдафъаинаро барои ҳар як тамос бо шахсе, ки дар карантин қарор дорад, инчунин барои тоза кардани мизу бистар, гирифтани либос ва косаю табақ дар дохили ҳуҷраи карантинӣ истифода кунед.

6. Ҳар рӯз ин ҳуҷра бояд поккорӣ ва безарар (дезинфексия) карда шавад.

7. Тамоми либоси ифлоси одаме, ки дар карантин қарор дорад, бояд дар ҳуҷраи ӯ даруни борхалтаи алоҳида ҷамъ карда шавад. Сипас бо маводи маъмулии ҷомашӯйӣ онҳоро шустан лозим аст.

8. Аз додугирифти ашёи рӯзгор бо шахси таҳти карантин худдорӣ кунед.

Тавсияҳои умумӣ оид ба карантини хонагӣ барои тамоми аъзои оила

1. Ҳар як узви оила бояд ҳарорати бадани худро ақаллан 2 бор дар як рӯз бисанҷад.

2. Тирезаҳоро кушода, ҳавои хонаро на камтар аз 2 бор дар як рӯз тоза кунед.

3. Даруни хона бояд ҳар рӯз бо латтаи тар пок карда шавад.

4. Дастони худро пайваста бо собун бишӯед ва ё бо маҳлули антисептикии спиртдор тоза кунед. Аз дастпокҳои яккарата ё сачоқ барои хушконидани дастони худ истифода кунед.

5. Барои ҳар як узви оила бояд косаю табақ ва пиёлаю қошуқи алоҳида, инчунин воситаҳои гигиенаи шахсӣ таъмин карда шавад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Карантини хонагӣ барои кӣ зарур аст ва чӣ талабот дорад?

6. Замони карантин ва хуруҷи беморӣ дар кишвар ба хона омадани меҳмонон ва ҳатто хешовандонро маҳдуд кунед.

7. Дар вақти сулфа ё атсазанӣ даҳону бинии худро пӯшонед (масалан, бо рӯймолчаҳои яккарата). Фавран дастони худро бо собун бишӯед ва ё бо маҳлули антисептикии спиртдор тоза кунед.

8. Агар таби ягон узви оила баланд шавад ё худро бад ҳис кунад, аввал ба табиби оилавӣ муроҷиат кунед. Агар ин ҳолат шабона рух диҳад, ба рақами телефони 103 (03) занг зада, ёрии таъҷилии тиббиро даъват кунед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...