Елжан Биртанов, вазири тандурустии Қазоқистон гуфтааст, баъди он ки ташхиси гирифториаш ба вируси корона натиҷаҳои мусбат нишон доданд, дар бемористон бистарӣ шуд.
"Дӯстон, мутаассифона маҷбурам, ки хабари нохушро расонам. Ташхиси охири ман натиҷаи мусбат нишон дод. Ман дар бемористон бистарӣ шудам", – навиштааст вай рӯзи 14 июн дар саҳифаи Фейсбук.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, вай гуфтааст, тамоми чораҳои беҳдоштиро риоя кардааст, аммо "хатар ҳамеша вуҷуд дорад". Вазир ҳамзамон аз шаҳрвандони Қазоқистон даъват кард, ки "карантини шахсӣ"-ро риоя кунанд ва дар маконҳои ҷамъиятӣ бо ниқоб гашту гузор карда, фосилаи иҷтимоиро ҳам риоя намоянд.
Ба иттилои вазорати ҳифзи тандурустии Қазоқистон, дар ин кишвар 14 ҳазору 496 кас гирифтори коронавирус шудаанд. То ин замон дар он кишвар 73 кас ин вабо фавтидаанд.
Қобили зикр аст, ки Аскар Мамин, сарвазири Қазоқистон низ баъди он гӯшанишинӣ ихтиёр кардааст, ки ахиран вазири тандурустии он кишвар Елжан Биртанов мубталои вируси корона ва дар бемористон бистарӣ шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.