Мақомоти Ӯзбекистон 10 млн доллари Гулнора Каримова, духтари зиндонии президенти пешини ин кишварро миёнаҳои моҳи май аз Фаронса баргардониданд.
Тавре сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ хабар медиҳад, ин маблағҳо ба буҷаи давлат интиқол дода шуда, дар тарҳҳои иҷтимоӣ харҷ хоҳанд шуд.
Гуфта мешавад, дар ин бора Севара Уринбоева, як мақомдори вазорати адлияи Ӯзбекистон рӯзи 15 июн изҳори назар кардааст.
Вай гуфтааст, аз ҷараёни харҷи дороиҳои мусодирашудаи Гулнора Каримова сокинонро мунтазам огоҳ хоҳанд кард.
Уринбоева илова кардааст, ки мақомоти Ӯзбекистон феълан барои баргардонии дороиҳои Гулнора Каримова дар ҳаҷми 1,3 млрд доллари дигар аз кишварҳои хориҷ талош доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.