Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Рустами Эмомалӣ рӯзномаи иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистонро, ки рӯзи 26 июн баргузор мешавад, тасдиқ кард.
Дар он масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дохил шудааст, ки мувофиқи он барои риоя накардани ба истилоҳ “реҷаи ниқобпӯшӣ” ҷаримаҳо ҷорӣ шуда метавонанд.
Барои ниқоб напӯшидан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, инчунин риоя накардани масофаи байни ҳамдигар то ду метр, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 10 июн ҳаҷми ҷаримаҳоро аз 116 сомонӣ то 290 сомонӣ муқаррар кард.
Ғайр аз ин, тибқи тағйироту иловаҳо, барои паҳн кардани маълумоти носаҳеҳ ва баръало бардурӯғ тариқи ВАО дар бораи пандемия аз 580 сомонӣ барои шахсони воқеӣ ва то 11 ҳазору 600 сомонӣ барои шахсони ҳуқуқӣ ҷаримаҳо пешбинӣ шудааст.
Баъди аз ҷониби палатаи болоии парлумон баррасӣ ва тасдиқ гардидани тағйироту иловаҳо, онро бояд президенти Тоҷикистон ба имзо расонида, сипас дар ВАО-и давлатӣ нашр шавад.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари ширкати ҳуқуқшиносии “Ҳимоя” Наврӯз Одинаев бар ин назар аст, ки ҷорӣ кардани ҷарима барои риоя накардани реҷаи ба истилоҳ “ниқобпӯшӣ” метавонад ба “шикорҳо”, сирояти дигарон ва ба вуҷуд омадани заминаи иловагӣ барои коррупсия боис гардад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.