spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Сокинони деҳаи Зебон дар Панҷакент аз иншооти иҷтимоӣ маҳруманд

Деҳаи Зебони ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, ки дар 7 километрии ҷануби шаҳри Панҷакент ҷойгир аст, на хонаи саломатию варзишгоҳ, на сартарошхонаю клуб, на чойхона ва на коргоҳи дӯзандагию маркази ҳунаромӯзӣ надорад.

Ин дар ҳолест, ки Ҳукумати Тоҷикистон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон кардаву аз ин тасмим беш аз 1,5 сол сипарӣ шудааст.

Сокинони деҳа мегӯянд, аз тамоми объектҳои маишиву иҷтимоӣ маҳруманд ва ҷое барои машғулият ё истироҳати наврасону ҷавонон, пиронсолон ва занону духтарон надоранд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Раиси деҳаи Зебон Соҳибҷон Юнусов мегӯяд, пештар дар деҳа ҳам чойхона буду ҳам клуб ва ҳам хонаи саломатӣ, вале ин объектҳоро ба кадом нафаре фурӯхтанду ин маконҳо шахсӣ шуданд. Ба қавли ӯ, соҳибмулк табибонро аз ҷойи корашон пеш кардааст.

“Ҳамчунин 2 сол қабл масъулини ҳукумати шаҳр омада, барои бунёди варзишгоҳ ба мо ҷойро интихобу нишон дода буданд, вале соли гузашта дар ҷойи муқарраркардаи онҳо манзили истиқоматӣ бундёд шуд”, – изҳор дошт раиси деҳаи Зебон.

ГАЛЛЕРЕЯ (16)
















Ба гуфтаи сокинони ин деҳа, қисми зиёди заминҳо ба дасти як авлод тақсим шудаасту объектҳои маиширо ҳам онҳо соҳиб шудаанд.

Бошандагони Зебон умед доранд, то анҷоми “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” арзашонро масъулин мешунаванду баҳри ободии деҳа ва сохтани иншооти маишӣ чорае меандешанд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...