Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят имрӯз, 19 август аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст дар деҳаи Вишхарв дар ҳузури президенти мамлакат корхонаи “Карон – калсит” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки “Карон-калсит” имконият дорад, ки дар як сол 100 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол намояд. Корхона дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият намуда, он дар назди захираи бузурги санги мармари сафед, ки микрокалсит аз ин навъи санг омода мегардад, бунёд ёфтааст.
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи дашти Лучи ноҳияи Дарвоз барои сохтмони канали обрасон санги асос гузошт.
Зикр шуд, ки масоҳати дашт бештар аз 500 гектарро дар бар гирифта, қариб 330 гектари он қобили обёрӣ мебошад. Ин мавзеъ дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, канали мазкур ба шакли худҷореъ фаъолият хоҳад кард. Минтақа аз дарёчаи Хост-роғ обёрӣ гардида, дарозии канали сохташаванда 17,5 километрро дар бар мегирад.
Дар ҷараёни сафар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақа аз наздик шинос шуда, як қатор иншооти навро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад ва бо фаъолону сокинон суҳбату вохӯриҳо мегузаронад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.