spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Кормандони Бонки миллиро ба нишон додани даромадҳои иловагӣ уҳдадор карданд

Ба қонун “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” тағйироту иловаҳо ворид шуд, ки мувофиқи он, кормандони Бонки миллӣ ба пешниҳоди маълумот дар бораи сарчашмаи даромадҳои иловагии худ уҳдадор мешаванд.

Гуфта мешавад, пардохти маблағи андоз аз даромад ва амволи кормандони Бонки миллӣ (ба ҷуз ҳайати шахсии техникӣ ва хизматрасон) бо тартиби аз ҷониби ҳукумат муқаррашуда сурат мегирад.

Ҳамчунин мувофиқи боз як тағйирот, дар Бонки миллӣ якҷоя кор кардани шахсони хешу ақрабои наздик ба ҳамдигар манъ мешавад.

Зан (шавҳар), фарзандон, падар, модар, бародарон, хоҳарон, набераҳо, инчунин падару модар, бародарону хоҳарон ва фарзандони зан (шавҳар), волидони ҳамсарон, қудоҳо, келин, домод, ҷиянҳо, инчунин дигар шахсоне, ки ҳамроҳ зиндагӣ ва рӯзгори умумӣ доранд, хешовандони наздик шуморида мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли равон ҳукумати кишвар шаклҳои нави эъломия барои мансабдорони давлатӣ дар бораи даромад ва амволи хизматчиёни давлатӣ ва инчунин тартиби пур кардани онҳоро тасдиқ кард.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Мансабдорони давлатӣ бо шакли нав дар бораи даромаду амволашон ҳисобот медиҳанд

Мувофиқи қонунгузории феълии ҷумҳурӣ, хизматчии давлатӣ уҳдадор аст, ки ҳар сол на дертар аз 1 апрели баъди соли ҳисоботӣ ба мақомоти андози маҳалли зист эъломия оид ба андоз аз даромад ва вазъи молу мулкро пешниҳод намояд.

Пешниҳод накардани эъломияҳо ё дар он нишон додани маълумоти нодуруст барои аз хизмати давлатӣ озод кардани хизматчии давлатӣ ва ба хизмати давлатӣ қабул нагардидани шаҳрванд асос шуда метавонанд.

Мувофиқи моддаи 123-и Кодекси андози Тоҷикистон, мақомоти андоз ба ифшо кардани маълумоти эъломияҳо ҳуқуқ надоранд.

Лекин агар худи соҳиби эъломия хоҳиш дошта бошад, ки дар бораи сарчашмаҳои даромади худ хабар диҳад, пас ин ҷо ягон маҳдудият намешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...