Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба ВМКБ дар роҳ ҳангоми ҳаракат ба сӯи Истироҳатгоҳи “Чорчаман” дар ноҳияи Дарвоз бо як гурӯҳ шаҳрвандони Афғонистон, ки барои истиқбол ва мулоқот бо ӯ дар он тарафи назди соҳили дарёи Панҷ ҷамъ омада буданд, суҳбати самимии сарироҳӣ анҷом дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, онҳо ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои тоҷикони ҷаҳон барои ҳалли мушкилоти рузгорашон, аз ҷумла норасоии оби ошомиданӣ, неруи барқ, алоқа, набудани роҳи мошингард ва дигар камбудиҳои ҷойдошта муроҷиат карданд.
Шабакаи телевизиони Тоҷикистон дар ин бора гузориш намоиш дод.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.