spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Президент ваъда дод, ки таъмиру навсозии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ то охири сол оғоз мегардад

Зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки корҳои таъмиру навсозии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ то охири сол оғоз мегарданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президент қайд кард, ки паҳншавии пандемияи каронавирус корҳои вобаста ба имзои санадҳои дахлдорро доир ба амалисозии лоиҳаи корҳои таъмиру навсозии роҳи мошингарди Қалъаи Хумб – Ванҷ ба таъхир андохт.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Роҳҳои Помир давра ба давра таъмиру навсозӣ мешаванд

Зимни суханронӣ бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ванҷ зикр шуд, ки ҳукумати мамлакат барои таҷдиду азнавсозии шоҳроҳи Қалъаихумб – Ванҷ ҳоло корро бо шарикони рушд идома дода истодааст.

“Дар давоми се соли минбаъда лоиҳаи таҷдиди 93 километр роҳи мошингарди зикргардида ба маблағи беш аз 2 млрд сомонӣ амалӣ мегардад, ки дар доираи он, ҳамчунин, сохтмони 15 пул ва 2 нақб пешбинӣ шудааст”, – гуфт президент.

Қаблан зикр гардида буд, ки ҳаҷми кумаки бебозгаште, ки аз ҷониби ҳукумати Чин бо ин мақсад ҷудо мешавад, 1 млрд 307 млн юанаи чинӣ (186 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.

Ба корҳои таъмиру навсозии ин қитъаи роҳ дар ВМКБ бо масофаи умумии 92,3 километр яке аз ширкатҳои сохтмонии Чин машғул хоҳад шуд, ки бар асоси озмун интихоб мешавад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми ахири худ ба парлумон аз кори КВД “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашӣ-таҳқиқотӣ” изҳори норозигӣ намуда, қайд кард, ки “чор сол инҷониб барои таҷдиди роҳи Қалъаи Хумб-Ванҷ як лоиҳаи муносиб омода карда наметавонанд”.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Таъмиру навсозии қитъаи роҳи Душанбе-Хоруғ то ҳол мувофиқа мешавад

Таҳияи лоиҳаи корҳои таъмиру навсозии ин қитъаи роҳи Душанбе-Хоруғро президент ҳанӯз моҳи январи соли 2015 супориш дода буд.

Сарвари давлат дастур дод, ки корҳои таъмиру навсозии ин қитъаи роҳ муддати ҳамин сол оғоз карда шавад.

Дар доираи корҳои таҷдид дар ин қитъа 16,7 километр кӯтоҳ кардани масофаи роҳ ва сохтмони роҳи духатаи дараҷаи 3-юми техникӣ, ҳамчунин бунёди ду нақб (масофаашон 5,2 км), айвончаҳои муҳофизат аз тармафароӣ (галереяҳо) бо масофаи умумии 490 метр, 15 пул (масофаашон 634 метр) ва дигар иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...