Пас аз анҷоми сафари корӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшон дар рӯзи дуюми сафари худ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маркази вилоят – шаҳри Хоруғ ташриф овард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар Фурудгоҳи шаҳр Президентро роҳбарият ва фаъолони вилоят гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Гуфта мешавад, боздиди сарвари давлат дар Хоруғ аз ифтитоҳи қисми якуми бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 оғоз гардид. Қисми якуми бинои нави мактаб, ки барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст, аз 13 синфхона ва 7 кабинети фаннӣ иборат аст. Мактаби нав пурра бо аёниятҳои дарсӣ ва технологияи муосири таълимӣ таъмин карда шудааст.
Сипас дар Майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ Эмомалӣ Раҳмон иншооти муҳими дигар – пояи Нишони давлатиро ба истифода дод. Нишони давлатӣ бо баландии 16,5 метр аз сатҳи замин дар майдони 800 метри мураббаъ сохта шудааст.
Дар идомаи сафар ба Хоруғ президент бинои нави Филиали рақами 66-и Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”-ро ифтитоҳ кард. Бинои филиалаз таҳхона ва чор ошёна иборат буда, масоҳати умумии бино 2076 метри мураббаъро дар бар мегирад. Дар таҳхона махзан, утоқи бойгонӣ, ошхона ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир карда шудааст. Дар филиал ба муштариён 20 навъи хизматрасонии молиявӣ пешниҳод мешавад.
Дар маҳаллаи “Селхозтехника”-и шаҳр Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони пули калони мошингузар дар болои дарёи Ғунд оғози расмӣ бахшид. Пули нав бо паҳнои 15 метр ва дарозии 200 метр 100 тонна иқтидори борбардорӣ дорад.
Баъди пайваст шудани ду тарафи соҳил, роҳҳои ба пул пайвастшаванда низ дар масофаи 100 метр таҷдиду навсозӣ ва чароғон карда мешаванд. Пули мошингузар бо тарҳи байналмилалӣ сохта шуда, аз ҳафт сутунпояи зербино ва ду самти ҳаракати нақлиёт иборат мебошад. Аз ҳар ду ҷониби пул бунёди роҳи пиёдагард ҳамчун эстакада ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин дар маркази маъмурии ВМКБ бо ҳузури президент Коргоҳи дӯзандагии “Баҳори ишқ” ба фаъолият оғоз намуд. Бинои коргоҳ барои таъмини занону духтарони хонашин бо чойҳои нави корӣ бунёд гардида, аз 4 ошёна иборат мебошад. Иншооти нав бо саҳми соҳибкори ватандӯсти шаҳри Хоруғ Мукаррабшо Ноибшоев бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи замони имрӯз сохта шудааст.
Дар коргоҳи мазкур 45 мошинаи нави дӯзандагӣ мавҷуд буда, дар марҳилаи аввал барои қариб 50 нафар ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Мошинаҳои дардӯзӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз ҳисоби Фонди зиндагии беҳтар ворид карда шудаанд. Дар коргоҳи дӯзандагии “Баҳори ишқ” асосан либоси мактабӣ дӯхта мешавад.
Дар шаҳри Хоруғ бо иштироки сарвари давлат инчунин бинои маркази савдои “Нигини Хоруғ” ифтитоҳ шуд. Он бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Айдибек Бекмуродӣ бунёд гардида, аз се ошёна иборат аст. Дар марказ барои 70 нафар ҷойи кори нав ташкил карда шуд.
Дар ошёнаи якуми бино нуқтаҳои савдо, дорухона кошонаи ҳусн, ду мағозаи фурӯши хӯроки умумӣ ва дигар иншооти ёрирасон, дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми иншооти нав мағозаи фурӯши либосу пойафзол, олами қолинҳо ва дар як гӯшаи он намоиш ва фурӯши ҳунарҳои мардумӣ ҷойгир шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.