Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Фелдшери тоҷик: "Ӯ мегуфт, модарамро зудтар баред, ки занамро сироят мекунад" - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Фелдшери тоҷик: “Ӯ мегуфт, модарамро зудтар баред, ки занамро сироят мекунад”

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Мавзуна Абдуллоева Asia-Plus

Мо бо Муҳаммад Ҳисайнов дар тамос шудем ва суҳбате оростем. Дар бораи он рӯзҳои сахт, гирифториаш ба Covid-19, кӯдакии душвору вохӯрӣ бо президент, дар бораи ҳамкасбонаш ва мизоҷе, ки "аз модараш халос шудан мехост".

Ин корманди миёнаи тиббиро дар саросари кишвар мешиносанд: 18 август дар вохӯрӣ бо президент вақте ки Эмомалӣ Раҳмон ба табибони тоҷик мукофотҳои давлатӣ месупурид, сарвари давлат ҷасорату мардонагии ин кормандро махсус қайд карда, ба ӯ манзил туҳфа кард.

Ин ҷо матни қисмати мусоҳиба бо ӯ, ки дар навори видео нест.

– Дар вохӯрӣ бо президент ҳама як хел сарулибос доштанд, костюмро харидед ё касе онро ба шумо туҳфа кард?

– Дар вохӯрӣ бо президент ман костюмро аз бозори “Корвон” иҷора (прокат) гирифтам. Ба харидани костюми нав имкон надорам. Якто доштам, ки вақти тӯйи хонадоршавиам харида будам, лекин он дуруст наомад. Ба мо гуфтанд, ки рангу шакли сарулибос бояд якхел бошад.

Пас аз кор дар вақти холигиам дар бозори “Корвон” боркашӣ мекунам. Дар ҳамон ҷо аз шиносҳоям дархост кардам, ки сарулибос барои иҷора ёфта диҳанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳаммад Ҳусейнов ва Эмомалӣ Раҳмон

– Ҳозир шумо ному насаби табибон ва ҳайати кормандони тиббиро, ки аз самими дил барояшон миннатдорӣ изҳор карданиед, номбар карда метавонед?

– Ман ба духтурони калонсол, ки шабу рӯз беморхонаро тарк накарда, ҳаёти одамонро наҷот медоданд, миннатдорӣ изҳор карданиам. Инҳо Искандар Амонқулов, Искандар Маҳмадов, Далер Маллаев, Қурбонбӣ Мӯсоева, Дилшод Шоев, Аскар Алиев, Шавкат Сафаров, Адолат Қодирова мебошанд. Онҳо замони пандемия ба мардум хизмат карда, имрӯз ҳам ба кумак омодаанд.

– Кормандоне, ки беморхонаро тарк карда буданд, ба кор баргаштанд?

– Пас аз муроҷиат аз беморхонаи худамон ва дигар ноҳияҳо ба ман навишта, изҳор доштанд, ки муроҷиатам ба онҳо барои бозгаштан неру бахшидааст. Дар натиҷа виҷдонашон нагузошт, ки аз мардум худро канор гиранд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.