Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Муҳоҷирони тоҷики кӯдаконро аз сӯхтор дар Маскав наҷотдода аз КҲФ мукофот гирифтанд - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Муҳоҷирони тоҷики кӯдаконро аз сӯхтор дар Маскав наҷотдода аз КҲФ мукофот гирифтанд

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Муҳоҷирони тоҷик Далер ва Фирдавс, ки ҳангоми сӯхтор дар Маскав кӯдаконро наҷот доданд, аз Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия мукофот гирифтанд.

“Шоҳидоне, ки кӯдаконро ҳангоми сӯхтор дар кӯчаи Кубинка наҷот доданд, аз Вазорати ҳолатҳои фавқулода мактуби изҳори миннатдорӣ гирифтанд. Ҳанӯз то омадани кормандони хадамоти таъҷилӣ Далер ва Фирдавс бо зинапояи оташнишонӣ кӯдаконро аз хонаи дудгирифта ба берун фароварданд. Кӯдаконе, ки рӯзи ҳодиса бо наҷотбахшони худ шинос шуданд, низ аз Вазорат туҳфаҳо гирифтанд”, – хабар медиҳад шабакаи Telegram-и "Москва 24".

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ёдрас мекунем, ки субҳи 26 август дар яке аз биноҳои истиқоматии шаҳри Маскав сӯхтор сар зада, оташ майдони 55 метри мураббаъро фаро гирифт. 16 нафар наҷот дода шудаанд.

Тоҷикистониён нахуст ба як зане бо захмҳои сӯхта, ки аз даромадгоҳ мебаромад, кумак карда, сипас кӯдаконро аз хонаи дудгирифта ба поён фароварданд.

Ба гуфтаи падари кӯдакон, ҳангоми сӯхтор ҷавон аз тиреза гуфтааст: “Кӯдакро ба ман диҳед” ва бо зинапояи оташнишонӣ ӯро ба поин фаровардааст.

“Ба тиреза нигоҳ кардам, ки як ҷавоне бо зинапояи оташнишонӣ боло меояд ва гуфт: “Кӯдакро ба ман диҳед”. Духтарамро ба дасти ӯ додам ва онҳо поин фаромаданд. Дар фикри додани писарчаамон будем, ки кормандони мақомоти ҳолатҳои фавқулода расиданд. Онҳо боло баромада, ба ӯ ниқоби кислородӣ бастанд ва ба поин расониданд. Дар пайи онҳо мо ҳам фаромадем. Лозим аст, ки чунин одамон зиёд бошанд. Агар онҳо намебуданд, намедонистам, ки ҳоли мо чӣ мешуд”, – гуфтааст падари кӯдакон ва ба ҷавонон изҳори миннатдорӣ кардааст.

МЕДИА (YOUTUBE)

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.