spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Азим Иброҳим аз вазифаи муовини сарвазир озод ва вазири нақлиёт таъин шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар бораи аз вазифаи вазири нақлиёти ҷумҳурӣ озод шудани Худоёр Худоёрзода фармон ба имзо расонид. Ӯ ба нафақа баромад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои дигари президент Азим Иброҳим аз вазифаи муовини сарвазир озод шуда, вазири нақлиёти Тоҷикистон таъин шуд.

Ба вазифаи муовини сарвазири Тоҷикистон ба ҷойи Азим Иброҳим ҳоло касе таъин нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки субҳи барвақти рӯзи 11 август вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзодаи 62-сола дар заминаи муноқишаи оилавӣ қасди худкушӣ кард, вале наздиконаш саривақт огоҳ шуда, наҷот доданд.

Маълумотномаи “Азия-Плюс”:

Азим Иброҳим 1 марти соли 1962 дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Соли 1984 Донишкадаи политехникии Тошкандро бо ихтисоси муҳандиси маъдан-маркшейдер бо дипломи аъло хатм кардааст.

Соли 1992 дар Донишкадаи давлатии кӯҳкории Маскав рисолаи илмӣ ҳимоя намуда, ба дипломи номзади илмҳои техникӣ соҳиб шуд.

Солҳои 1992—1994 дар вазифаи муаллими калони кафедраи физикаи умумӣ ва тасвири муҳандисӣ, декани факултаи саноати сабуки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 1994—1995 дар мансаби муовини аввали раиси Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ фаъолият намудааст.

Солҳои 1995-1997 – муовини аввали раиси Кумитаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;

Солҳои 1997 – 2002 – муовини аввали раиси раиси Кумитаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои назди ҳукумати Тоҷикистон;

Солҳои 2002-2004 – муовини вазир – сардори Департаменти саноати маъдани кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳои Вазорати саноати Тоҷикистон;

Солҳои 2005-2005 – раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;

То соли 2013 ба сифати сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон фаъолият дошт.

Бо фармони президент аз 23 ноябри соли 2013 муовини сарвазири Тоҷикистон таъин шуд.

Солҳои 2000-2001 Азим Иброҳим беҳтарин ихтироъкори Тоҷикистон эътироф гардида буд.

Муаллифи 4 китоб (дутоаш дар ҳаммуаллифӣ), зиёда аз 60 мақолаи илмӣ ва 5 ихтироъ (чортоаш дар ҳаммуаллифӣ).

Аз соли 2004 узви ҳайати мушовараи таҳририи “Горный журнал»-и Федератсияи Русия. Академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон; Академики Академияи байнулмилалии захираҳои минералии Федератсияи Русия.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...