Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм ба ҷашни пуршукӯҳи 5500-солагиаш омодагӣ мегирад. Ба корҳои таъмиру навсозӣ ва созандагиву бунёди шаҳраки қадима ба маблағи умумии 7 млн доллар 20 ширкати сохтмонӣ ҷалб шудааст.
Дар ин ҷо дарвозаи пурҳашамати кандакоришуда, осорхона ва меҳмонхона, фурӯшгоҳ ва маҳалла дар шакли қадима сохта шуда истодааст. Гузориши видеоии мо дар бораи ҷараёни омодагии шаҳри қадима ба ҷашн.
Қобили зикр аст, ки маросими бузургдошти 5500-солагии таъсиси шаҳри бостонии Саразм дар сатҳи байнулмилалӣ 12-уми сентябри соли равон таҷлил хоҳад шуд. Ин ёдгории нодир бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 21-уми сентябри 2001 ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон – “Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм” эълон гардида буд. Сипас бо пешниҳоди Тоҷикистон 31-уми июли 2010 аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид карда шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.