Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон муовини вазири корҳои дохилӣ Саидзода Маҳмадсаид Борон аз вазифааш озод карда шуд. Ӯ аз охири моҳи марти соли 2017 ин мансабро ишғол мекард.
“Саидзода Маҳмадсаид Борон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад”, – омадааст дар қарори ҳукумат аз 10 сентябр.
Аз ВКД Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки генерал-майори милитсия Маҳмадсаид Саидзода сардори Раёсати ВКД дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт таъин шудааст.
Генерал-майори милитсия Бароталӣ Ҳамидзода Партов, ки то ин дам ба ҳайси сардори Воҳиди махсус ВКД-и ҷумҳурӣ кор мекард, ба ҷойи ӯ муовини вазири корҳои дохилӣ таъин гардид.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.