Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон рӯзи 13 сентябр 5 номзад ба мансаби президентӣ дар интихоботи моҳи октябр расман ба қайд гирифта шуданд.
Номзадҳо ба мансаби президентӣ дар интихоботи рӯзи 11 октябр президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, пешвоёни Ҳизби аграрӣ Рустам Латифзода, Ҳизби сотсиалистӣ – Абдуҳалим Ғаффоров, Ҳизби коммунист – Мироҷ Абдуллоев ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – Рустам Раҳматзода расман сабтином шуданд.
Масъалаи сабти расмии номзад ба мансаби президентӣ аз Ҳизби демократи Тоҷикистон – раиси ҳизб Саидҷаъфар Усмонзодаро КМИР имрӯз, 14 сентябр баррасӣ мекунад.
Ёдрас мекунем, ки Ҳизби сотсиал демократии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки ба маъракаи интихоботи президентӣ таҳрим (бойкот) эълон мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.