Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Раиси коммунистҳо: Дар 64 шаҳру ноҳия ҳайкали Ленинро барқарор мекунем - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Раиси коммунистҳо: Дар 64 шаҳру ноҳия ҳайкали Ленинро барқарор мекунем

Asia-Plus

Мироҷ Абдуллоев, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон  дар як мусоҳибааш бо нашрияи “Тоҷикистон” гуфтааст, ки дар ҳамаи 64 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон ҳайкалҳои Ленинро барқарор мекунем.

Раиси коммунистҳои тоҷик гуфтааст, ки “Баъзе ҳайкалҳои Ленинро, ки дар шаҳру ноҳия буданд ва ба ҷояш пояи пояи парчам насб карданд, дубора барқарор карда истодаем. Масъалан дар ноҳияи Қубодиён, Фархор, шаҳри Норак ва дар маҷмуъ 65 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ҳайкалҳои Ленинро дубора барқарор мекунем”.

Пешвои коммунистҳо ҳамчунин гуфтааст, ки агар дар интихобот шикаст бихӯрад рӯҳафтода намешавад ва корашро давом медиҳад.

Мироҷ Абдуллоеви 72-сола,ки барои ҷомеаи сиёсии Тоҷикистон ноошно буд, соли 2017 ба ҷойи Шодӣ Шабдолов раиси ҲКТ шуд ва дар интихоботи порлумонии моҳи марти имсол вакили Маҷлиси намояндагон аз ноҳияи Муъминобод шуд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Пешвои коммунистон: “Ба парлумони кишвар баргаштанием”

Мавзуъи баркандану барқарор кардани ҳайкалҳои Ленин дар Тоҷикистон яке аз мавзуъҳои доғ ҳисоб мешавад, ки дар гузашта боиси сару садоҳои зиёд шудааст. Аз ҷумла аввалин ҳайкали Ленин дар майдони "Озодӣ", ҳоло "Дӯстӣ"-и шаҳри Душанбе дар тирамоҳи соли 1991 барканда шуд. Намоиши муфассал аз ҷараёни кандани ҳайкали Ленин тавассути телевизион норизоияти ҳизби коммунист ва ҷонибдоронашро ба вуҷуд овард ва ҳатто боиси барканории Қадриддин Аслонов, раиси вақти парлумон ва кафили вақти раёсати Тоҷикистон шуд. Баъдан пас аз сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон то 10-15 сол касе ба баркандани ҳайкалҳои Ленин иқдом намекарда, вале сар аз соли 2005 ҳайкалҳои Ленин дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба тадриҷ барканда шуданд.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо раҳбарии Шодӣ Шабдолов он замон борҳо аз ин кор норизоятӣ ва ҳато ин масъаларо чандин бор дар порлумон матраҳ карда буд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.