Шабе, ки гузашт дар Қирғизистон талоши ғайриқонунии тағйири қудрат сурат гирфт, изҳорот додааст раисҷумҳури ин кишвар Сооронбой Жээенбеков, хабар медиҳад “АкиПресс”
«Шаби гузашта бархе аз неруҳои сиёсӣ талош карданд қудратрати давлатиро ғайриқонуни ғасб кунанд. Натиҷаҳои интихоботро онҳо бо сифати баҳона истифода карда, тартиботи ҷамъимятиро нақз карданд. Онҳо зиндагии ороми мардумро халалдор карданд. Онҳо ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ итоат накарданд, табибонро лату кӯб карда ба биноҳо зарар расониданд», — менависад оҷонсӣ аз изҳороти президент.
Жээнбеков дар ин изҳороташ гуфтааст, ки ӯ дастур додааст, ки тир напаронанд, “то ҷони ҳеч шаҳрвандеро ба хатар наандозанд».
"То кунун мо ҳамаи чораҳои доштаамонро истифода кардем, то ба печидар шудани авзоъ нарасем ", – гуфтааст ӯ.
Ба гуфтаи раисҷумҳур ӯ ба Комиссияи марказии интихобот пешниҳод кардааст, ки ҳамаи мавридҳои тақаллубро таҳқиқ кунанд ва дар сурати зарурат натиҷаҳои интихоботро беэътибор эълон кунанд. Ӯ аз ҳамаи неруҳои сиёсӣ даъват кардааст, ки дар доираи қонун амал кунанд.
«Оромӣ дар давлат, субот дар ҷомеа арзишмандтар аз ҳама ваколати вакилӣ аст… Ман аз раисони ҳизбҳои сиёсӣ даъват мекунам, ки ҷонибдорони худро ором кунанд ва онҳоро аз ҷоҳои издиҳом берун бикашанд», – изҳор доштааст Жээнбеков.
Ба навиштаи “РИА Новости”, шумораи осебдидагон дар задухӯрдҳо то 590 расидааст: 439 нафар баъди расонидани ёрии тиббии аввалия ба табобати амбулаторӣ тавсия шудаанд, 150 нафар бистарӣ, 13 нафар дар шуъбаи эҳёгарӣ ва як нафар ҳам ҷон додааст.
Рӯзи Душанбе дар Бишкек, дар майдони Ала-Тоо ҳудуди 2 ҳазор нафар ҷонибдорони ҳизбҳое, ки ба порлумон роҳ наёфтанд ҷамъ омада буданд. Онҳо талаб доштанд, ки натиҷаҳои интихобот бекор ва раъйдиҳии такрории интихоботи маҷлиси қонунгузорӣ гузаронида шавад. Шоми душанбе зимни талошҳои пароканда кардани эътирозгарон миёни онҳо ва неруҳои ҳифзи ҳуқуқ бархӯрд сурат гирифт. Шаби душанбе ба сешанбе эътирозгарон ба бинои Қасри сафед, ки онҷо порлумон ва маъмурияти президенти Қирғизистон қарор дорад, ворид шуданд. Баъдан ба сӯйи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ рафатан ва раисҷумҳури собиқ Алмосбек Ҳотамбоевро аз ҳабс озод карданд.
Интихоботи порлумонии Қирғизистон 4 октябр баргузор шуд. Ҳузури раъйдиҳандагон дар он 56,5% гуфта мешавад. Мувофиқи натиҷаҳои пешакии раъйдиҳӣ, ба порлумон 4 ҳизб роҳ ёфтаанд: "Биримдик" ("Ваҳдат", ҳизби ҷонибдори ҳукумат) бо 24,52% раъй, "Мекеним Қирғизистон" ("Қирғизистони азизам", ҳизби ҷонибдори ҳукумат) бо 23,89%, раъй, "Қирғизистон"(ҳизби марказгаро) бо 8,73% раъй ва "Бутун Қирғизистон" ("Қирғизистони ягона ", ҳизби марказгаро) бо 7,11%раъй. Ҳизбои боқимонда натавонистон сади ҳафтдарсадиро убур кунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.