Сооронбой Жеенбеков, президенти Қирғизистон гуфтааст, баъди баргузории интихоботи нави порлумонӣ омода аст ба истеъфо равад. Дар ин бора сухангӯи вай рӯзи 14 октябр иттилоъ додааст.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, изҳороти президент баъди он садо дод, ки вай сарвазири нави Қирғизистон Содир Жапаровро ба ҳузур пазируфт. Жапаров аз Жеенбеков хостааст, ваъдаи додаашро дар бораи истеъфо иҷро кунад, зеро кишвар вориди буҳрони сиёсие шудааст, ки дар пайи интихоботи баҳсии ибтидои моҳи октябр ба миён омад.
"Президент ба маҳзи ба эътидол омадани вазъи кишвар – баргаштан ба маҷрои қонунӣ ва ё баргузории интихоботи нави порлумонӣ – ба истеъфо хоҳад рафт", – гуфтааст Толгонай Стамалиева, сухангӯи президент.
Гуфта мешавад, тасдиқи Жапаров ба мақоми сарвазирӣ ҳалли буҳрони сиёсиро дар Қирғизистон наздик мекунад. Жапаров шаби 5 ба 6 октябр дар пайи тазоҳуроти мардумӣ аз зиндон озод шуд. Ӯро бо айби одамрабоӣ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карда буданд.
Пас аз интихоботи парлумонии 4 октябр неруҳои сиёсӣ ва ҷамъиятии ба натоиҷи он норизо рӯзи 5 октябр дар майдони марказии “Ала-Тоо”-и Бишкек гирдиҳамоии эътирозӣ созмон доданд. Наздикиҳои шом гирдиҳамоӣ ба бархӯрди эътирозгарону мақомоти ҳифзи ҳуқуқ табдил ёфт, шаби 6 октябр бошад, эътирозгарон бинои КДАМ ва “Қасри сафед”-ро, ки парлумон ва дастгоҳи президент онҷост, муҳосира карданд.
Шаби 9 октябр Соронбой Ҷеенбеков дар як изҳорот гуфт, “ҳар вақте кишвар ба масири қонунӣ баргардад”, омодааст аз мақоми худ истеъфо диҳад. 10 октябр бархе аз вакилони Жогорку Кенеш дар як ҷаласаи ғайринавбатӣ ҳайати ҳукуматро бо раҳбарии Содир Жапаров тасдиқ намуданд.
Аммо як рӯз баъд, 11 октябр қисме аз дигар вакилон, фаъолони ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва ҳуқуқшиносон изҳор доштанд, ки тасмимҳои гирифташуда қонунӣ нестанд ва зарур аст, ки ҷаласаи парлумон аз нав гузаронда шавад. Худи Содир Жапаров дар нишасти хабарие пас аз таъин шуданаш гуфт, расман ба кор шурӯъ мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.