Субҳи 25-уми ноябр дар кӯдакистони шумораи 2 -и шаҳри Бохтар сӯхтор сар зад.
Бино ба гуфти шоҳидони ҳодиса сӯхтор дар миёнаҳои соати ҳафти субҳ рух додааст.
Аз қисми навбатдории раёсати Хадамоти оташнишонӣ дар вилояти Хатлон хабар доданд, ки соати 7:18 ба онҳо дар бораи сар задани сӯхтор дар боғчаи бачагонаи рақами 2 хабар расидааст. Барои хомӯш кардани сӯхтор ба ҷойи ҳодиса 9 мошини оташнишонӣ сафарбар шудааст.
Ба гуфти масъулин дар вақти сар задани сӯхтор ҳанӯз кӯдакон ба боғча наомада буданд ва ягон нафар зарар надидааст. Сабабҳои сар задани сӯхтор ва ҳаҷми зарари расида баъдан муайян карда мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.