Тасмими бунёди бинои ҳафтошёна байни биноҳои 3 ва 4-и маҳаллаи 18-и Хуҷанд нигарониҳои зиёди сокинонро дар миён гузошт. Соҳибкори маҳаллӣ мехост дар ин ҷой бинои замонавие созад, аммо ҳоло ҳукумати Хуҷанд мегӯяд, сохтмони он боздошта шудааст.
Ин дар ҳолест, ки бунёди бинои 7-табақа ба нақшаи генералии шаҳрсозӣ ворид шудаву соҳибкорон барои гузоштани таҳкурсӣ қисме аз ҷойи ободкардаи сокинонро аллакай тахриб карданд.
Қаблан сокинони биноҳои 3 ва 4-и маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки дар пайи баҳси зиёд чанд рӯзи ахир корҳои сохтмонӣ байни бинояшон боздошта шудааст. Рӯзи 25-уми ноябр Мадина Султонова, сокини бинои 4-и ин маҳалла дар суҳбат хабари боздошти сохтмонро тасдиқ кард, вале гуфт то ба ҳол қарори махсусе дар ин маврид аз ҳукумат ба дасташон нарасидааст.
“Ягон хел ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, ки сохтмони бинои 7-ошёна боздошта шудааст, ба дасти мо наомадааст. Аммо санаи 2-юми ноябр бо ирсоли як мактуб гуфта буданд, ки сохтмон муваққатан боздошта мешавад. Мо 3-юми ноябр ба собиқ раиси шаҳри Хуҷанд мактуб карда будем, то қитъаи замин барои бунёди майдончаи варзишӣ дар байни биноҳои 3-4 ҷудо кунанд. Аммо 15-рӯз гузашту раиси маҳалла ва ё дигар сокинон мактуби ҷавобӣ нагирифтаанд ва ягон хел ҳуҷҷат нест, ки мо замин ҷудо кардем”.
Чанд рӯз қабл Иброҳим Раҳматов, як сокини бинои рақами 3-и ин маҳалла аз он нигаронӣ карда буд, ки бе маслиҳати бошандагон макони ҷамъомади сокинон, ҷойи нигаҳдории тобуту маросими ҷаноза, ҳавзи шиноварӣ, анбори лавозимоти рӯзгори бошандагонро, ки ба хотири маросимҳои тӯю мотам сохта буданд, алакай тахриб кардаанд. Ӯ мегӯяд, дар ин бора ба мақомоти Суғд шикоят кардаанд. “Мо ба ҳукумати Суғд муроҷиат кардем , онҳо барқарор мекунад гуфта ваъда доданд.”-мегӯяд, Раҳматов.
Чаро сокинон нигаронӣ карданд?
Муҳаббат Шарипова, як сокини дигари маҳаллаи 18 гуфта буд, ки байни биноҳои рақами 3 ва 4 майдончаи варзишӣ бо лавозимоти тамрин ва ҳавзи шиноварӣ барои наврасон сохтаанд, ки фарзандони тахмин 200 оила дар ин ҷой бозӣ мекунанд. Боз беш аз 10 мошинсарой, боғҳо, дарахтони мевадиҳандаву ороишӣ, бинои хурди оростани маҷлисҳои маҳаллӣ ва маросими ҷанозаро ташкил кардаанд, ки қисме аз он ҳуҷҷати расмӣ дорад, вале ба хотири бинои баландошёна тасмим доранд тахриб кунанд.
“Биноҳои рақами 3 ва 4, ки замони Шӯравӣ бунёд шудааст, чаҳор қабата аст. Биное, ки онҳо мепӯшанд, аз рӯйи лоиҳаашон 7 қабата аст ва аз бинои мо хело баланд мешавад. Пеши нури офтобро мегирад ва мо аз рӯшноии табиӣ маҳрум мемонем. Агар ин бино бунёд гардад, хонаҳоямон торик мешавад ва маҷбур мешавем рӯзона низ бо чароғ зиндагӣ кунем, ки зарари иқтисодии мо мешавад”.
Бино ба гуфти бошандагон, масофаи байни бинои 3 ба 4 шаст метр ва каме аз он зиёдтар аст, ки дар сурати бунёди бинои нав роҳравҳо камғунҷоиш мегардад. Моҳинисо, як бошандаи дигари ин маҳалла мегӯяд, дар сурати оғози кори сохтмон дарахтони солҳо ба мушкил калонкардаи онҳоро мебуранд, ки ба вазъи экологии муҳит бетаъсир нест.
“Ҳамаи ҳамин дарахтони солҳо сабзонидаи мо нобуд мешавад. Барои нафасгирӣ ҷой намемонад. Чаро барои мо халқ иҷоза намедиҳанд, ки мо ҳам хона пӯшему нафас гирем”, – мегӯяд, ӯ
Раиси маҳаллаи 18-ум Олим Масобиров дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, аз шикоятҳои пайвастаи сокинон огаҳ аст ва ӯ низ изҳори норозигӣ кард, ки бояд байни биноҳо бинои иловагие насозанд. “Ин ҷой ҷойи сейсмикӣ аст, вақти заминҷунбӣ мардум куҷо мегурезанд. Мо ба мақомоти прокуратураи вилояти Суғд ва ҳукумати вилоят низ барои мушкиламонро дида баромадан муроҷиат кардем. Ҳоло сохтмон боздошта шудааст. Ҳаракат карда истодаем, ки дар ин ҷо бинои баланд насозанд”.
“Ҳукумат иҷозаи сохтмонро доду баъдан бекор кард”
Мақомоти Хуҷанд қаблан 2-юми апрели соли 2020 бунёди ду бинои 7 ошёнаро дар маҳаллаи 18-уми ин шаҳр, ки онро як соҳибкор бунёд мекунад, ба нақшаи генералии шаҳр ворид кард ва яке аз ин бино тасмим буд, байни биноҳои 3-4 қомат рост кунад. Аммо муовини раиси шаҳри Хуҷанд Аюбҷон Раҳматзода гуфт, ҳоло онҳо идомаи сохтмони яке аз биноро боздоштаанд.
“Дар асоси нақшаи генералӣ бунёди биноро дар ин ҷой тасдиқ карда будем ва иҷозати сохтмонро ҳам додем, аммо аз сабаби он ки баҳсҳо зиёд шуда истодааст, мо сохтмонро бекор кардем.”
Аммо худи соҳибкор Баҳодур Фозилов, ки мехоҳад баландошёна бунёд кунад, нахост дар ин маврид сӯҳбат кунад.
Ҳукумати Суғд баҳсро ба манфиати сокинон ҳал кард?
Рӯзи 9-уми ноябри соли ҷорӣ мақомоти Суғд ба муроҷиати сокинон посух дод ва дар мактуб бо чанде аз далелҳо иҷоза набудани сохтмони баландошёна байни биноҳои 3 ва 4-и маҳаллаи 18-умро шарҳ додааст. Аз ҷумла дар мактуби мақомоти вилоятӣ зикр шудааст:
– Фармоишгар лоиҳаи ангории иншооти сохташавандаро барои баррасӣ ба Шӯрои шаҳрсозии вилояти Суғд пешниҳод накардааст.
– Дар қитъаи замини ҷудогардида бо қарори раиси шаҳр иншоотҳои мошинсарой, майдончаи бозии кӯдакон ва гаражҳои металлӣ ҷойгир аст.
– Тибқи хулосаи Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд, дар қитъаи замини ҷудогардида хатти кабели шиддаташ 10 кВ байни ИТ-636 ва ИТ-640 мегузарад.
– Мутобиқи талаботи моддаи 10-и Қонуни ҶТ “Дар бораи заминсозӣ”, таҳиягарони ҳуҷҷатҳои заминсозӣ ӯҳдадоранд, ки ҳуҷҷатҳои заминсозиро босифат ва дақиқ таҳия кунанд. Аммо аз тарафи масъулини Кумитаи идораи замини шаҳри Хуҷанд баррасии муроҷиатро дар маҳал иҷро накардаанд, ки дар натиҷа баҳси замин ба миён омадааст.
Бо ин далел шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии вилоят мактуберо барои чораандешӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд ирсол кардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.