spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Пешниҳоди ёрии ҳуқуқии ройгон – кафолати давлатӣ барои ҳамагон

Давлат барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд як қатор санадҳои муҳимро қабул кардааст, ки дар амалишавии онҳо нақши кормандони “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” назаррас аст. Шурӯъ аз соли 2016 то имрӯз ҳуқуқшиносони давлатӣ дар 34 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон ба ниёзмандон ёрии ҳуқуқии ройгон расониданд.

Дар моддаҳои 1, 5, 14, 17, 19 ва 92-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо кафолати ҳифзи онҳо аз ҷониби давлат дарҷ шудааст.

Моддаи 5. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Моддаи 92. Ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ кафолат дода мешавад.

Тарзи ташкил ва тартиби фаъолияти адвокатура ва дигар шаклҳои ёрии ҳуқуқиро қонун муайян мекунад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Конститутсия як қатор барномаҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқиро пазируфтааст. Дар натиҷаи татбиқи онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» рӯзи 4-уми июли соли 2020 таҳти №1694 қабул гардида, кафолати конститутсионии давлатро дар ин самт ба пуррагӣ таъмин мекунад. Тибқи муқаррароти қонуни мазкур, ёрии ҳуқуқии ройгон дар ду шакл: якумдараҷа ва дуюмдараҷа пешниҳод карда мешавад.

Ёрии ҳуқуқии якумдараҷа чист ва киҳо ба он ҳақ доранд?

Ёрии ҳуқуқии якумдараҷа шакли хизматрасоние мебошад, ки ба шахсони воқеӣ бо роҳҳои фаҳмондадиҳии ҳуқуқу уҳдадориҳо, маслиҳатдиҳӣ ва тартиб додани ҳуҷҷатҳои дахлдор бе пардохти маблағ амалӣ карда мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Қабули шаҳрванд аз ҷониби ҳуқуқшиноси давлатӣ дар ноҳияи Шаҳринав

Он ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд бо роҳҳои пешниҳоди маълумоти ҳуқуқӣ, гузаронидани ҷаласаҳои иттилоотию ҳуқуқии сайёр ва маслиҳату фаҳмондадиҳӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши мавзӯии аҳолӣ, тартиб додани ариза, шикоят ва дигар ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти ҳуқуқӣ, иттилоъ додан оид ба имкони ҳалли тосудии баҳсҳои ҳуқуқӣ, фиристодани муроҷиаткунанда ба муассисаҳои дахлдори давлатию ҷамъиятӣ, паҳн кардани маълумоти ҳуқуқӣ тавассути ёрдамчиёни ҷамъиятӣ, ёрӣ расонидан ба одамон ҷиҳати дастрасӣ ба ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа аз ҷониби ҳуқуқшиносони давлатӣ, адвокатҳо, мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар доираи ваколатҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Хусусияти фарқкунандаи ёрии ҳуқуқии якумдараҷа аз он иборат аст, ки барои ҳамаи одамон дастрас мебошад. Ёрии ҳуқуқии якумдараҷа дар лаҳзаи муроҷиат расонида мешавад. Дар ҳолати ғайриимкон будани бетаъхир расонидани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа, ба муроҷиаткунанда сана ва вақти қабул дар давоми на беш аз 5 рӯз аз лаҳзаи муроҷиат таъин карда мешавад.

Шахси барои ёрии ҳуқуқии якумдараҷа муроҷиаткунанда ҳуқуқ дорад, ки оид ба як масъала танҳо як маротиба ба ҳуқуқшиноси давлатӣ муроҷиат кунад, ба истиснои ошкор шудани ҳолатҳои наве, ки ба масъалаи дахлдор алоқамандӣ дошта бошанд.

Ҳуқуқшиносони давлатӣ кистанд ва дар куҷо кор мекунанд?

Ҳуқуқшиносони давлатӣ кормандони “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” мебошанд, ки ба шахсони воқеӣ тамоми намудҳои ёрии ҳуқуқии якумдараҷаро мерасонанд. Фаъолияти онҳо аз рӯйи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ” амалӣ мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сокинон аз деҳоти дурдасти ноҳияи Ашт ба назди ҳуқуқшиноси давлатӣ барои гирифтани ёрии бепул омаданд

Ҳуқуқшиноси давлатӣ ҳуқуқ дорад:

– маълумотро, ки барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ заруранд, ба таври ройгон ҷамъ намояд;

– маълумотнома, хислатнома ва ҳуҷҷатҳои дахлдори дигарро аз мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин аз шахсони ҳуқуқии дигар, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликияташон, талаб карда гирад;

– мутобиқи талаботи дастурамал оид ба кор бо ёрдамчиёни ҷамъиятӣ, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад, ёрдамчиёни ҷамъиятиро омода намуда, онҳоро ба раванди расонидани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ҷалб намояд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳуқуқшиноси давлатӣ уҳдадор аст:

– сатҳи дониш ва касбияти тахассусии худро баланд бардорад;

– бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои шахси муроҷиатнамударо бовиҷдонона ва босифат ҳимоя кунад;

– маълумотеро, ки аз шахси барои ёрии ҳуқуқӣ муроҷиатнамуда гирифтааст, бе розигии ӯ ифшо насозад;

– оид ба чораҳои қонунии ҳалли тосудии баҳсҳо иттилоот диҳад ва мувофиқи имкониятҳо онҳоро истифода намояд;

– сирри давлатӣ ва сирри дигареро, ки бо қонун ҳифз мешавад ва ҳангоми расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба ӯ маълум гаштааст, ифшо насозад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷараёни машварати ҳуқуқшиноси давлатии ноҳияи Деваштич бо зану шавҳари нобино

Ҳуқуқшиноси давлатӣ наметавонад ба шахсоне, ки манфиатҳои онҳо ба манфиати шахси пештар барои ёрии ҳуқуқӣ муроҷиаткарда мухолифат мекунад, маслиҳат диҳад.

Рӯзҳои кории ҳуқуқшиносони давлатӣ дар 34 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон: аз душанбе то ҷумъа, аз соати 8:00 то 17:00.

Сокинони Тоҷикистон ба ҳуқуқшиносони давлатӣ барои гирифтани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа муроҷиат карда метавонанд. Ному насаби ҳуқуқшиносони давлатии шаҳру ноҳияҳо, суроғаи коргоҳ, рақами телефон ва имайли онҳо дар сомонаи “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” – www.salac.tj/contacts ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дастрас аст.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ёрдамчии ҷамъиятӣ кист?

Ёрдамчии ҷамъиятӣ шахсе мебошад, ки аз ҷониби сокинони маҳаллӣ (деҳаҳо, маҳаллаҳо) бинобар доштани обрӯю эътибори хоса интихоб шудааст. Ёрдамчии ҷамъиятӣ таҳсилоти олии ҳуқуқӣ надорад, вале давраҳои кӯтоҳмуддати омӯзиширо дар соҳаҳои ҳуқуқи оилавӣ, гражданӣ ва ғайра гузаштааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ёрии ҳуқуқии ройгони давлатӣ – роҳи нави ҳалли мушкилоти аҳолӣ

Ҳуқуқшиносони давлатии шаҳру ноҳияҳо барои расонидани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа ба аҳолӣ бояд аз шумори чунин шахсон барои худ ёрдамчиёни ҷамъиятиро ҷалб намоянд. Ҳамчунин ҳуқуқшиносони давлатӣ дар рафти фаъолияти худ ёрдамчиёни ҷамъиятиро меомӯзонанд. Сипас ёрдамчиёни ҷамъиятӣ ба сокинони маҳаллӣ иттилооти зарурӣ пешниҳод менамоянд, маълумоти ҳуқуқиро дар шакли маводи тақсимотӣ ба мардум дастрас мекунанд, муроҷиаткунандаро ба мақомоти дахлдоре, ки ҳалли мушкилоташ ба он вобаста аст, равона месозанд.

Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ”-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ёрдамчиёни ҷамъиятиро дар соли 2017 ба роҳ мондааст. Аз он замон то 1-уми ноябри соли 2020 ёрдамчиёни ҷамъиятӣ ба 16933 кас иттилооти ҳуқуқӣ расонидаанд. Аз ин теъдод 9822 зан ва 7111 мард буда, аз шумораи умумӣ 586 нафар шахсони дорои маъюбият мебошанд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Кадом натиҷаҳо ба даст омаданд?

Саҳми ҳуқуқшиносони давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон хеле назаррас аст. Онҳо аз соли 2016 то 1-уми ноябри соли 2020 мутобиқи нақшаи тасдиқшуда ҷаласаҳои иттилоотию ҳуқуқии сайёр дар мавзӯъҳои гуногун баргузор карданд.

Дар давраи мазкур 749 ҷаласа бо иштироки 18472 кас гузаронида шудааст. Аз ин теъдод 10139 зан ва 8333 мард буда, аз шумораи умумӣ 136 нафар шахсони дорои маъюбият мебошанд. Ҳамчунин ба 1046 нафари дигар машваратҳои ройгони баъд аз ҷаласаи сайёр пешниҳод шудаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аз таҳлили пурсишномаҳои пас аз ҷаласаҳои сайёр бармеояд, ки дониши ҳуқуқии иштирокдорони онҳо доир ба мавзӯи гузаронидашуда аз 33% то 38% боло рафтааст.

Умуман, аз соли 2016 то 1-уми ноябри соли 2020 бо расонидани ёрии ҳуқуқии якумдараҷа аз ҷониби ҳуқуқшиносони давлатӣ, гузаронидани ҷаласаҳои иттилоотию ҳуқуқии сайёр, пешниҳоди машваратҳои баъд аз ҷаласаи сайёр, паҳн кардани иттилооти ҳуқуқӣ тавассути ёрдамчиёни ҷамъиятӣ 69525 нафар сокинони маҳаллӣ фаро гирифта шудаанд. Аз ин теъдод 39969 зан ва 29556 мард буда, аз шумораи умумӣ 1960 нафар шахсони дорои маъюбият мебошанд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Қобили зикр аст, ки ёрии ҳуқуқии ройгон бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байнулмилалӣ – Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Филиали Ассотсиатсияи «Хелветас Свисс Интеркооперейшен» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария ва Вазорати корҳои хориҷии Финландия амалӣ мешавад.

Айни замон ҳуқуқшиносони давлатӣ дар 50%-и қаламрави кишвар фаъолият карда, ба шаҳрвандон ёрии ҳуқуқии якумдараҷаро ба таври ройгон мерасонанд. То охири соли 2023 фаъолияти ҳуқуқшиносони давлатӣ дар 34 шаҳру ноҳияи боқимондаи Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ бо ёрии ҳуқуқӣ фаро гирифта мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Модару духтар дар қабулгоҳи ҳуқуқшиноси давлатии ноҳияи Ҷайҳун

Ин мақола аз сомонаи Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» – www.salac.tj бознашр шудааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...