Пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон лар бораи ворид намудани тағйирот ба қонун “Дар бораи сабти давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” имрӯз аз ҷониби вакилони парлумон якдилона ҷонибдорӣ шуд.
Зимни суханронӣ назди вакилони палатаи поёнии парлумон вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён изҳор дошт, ки моҳияти тағйироти пешниҳодшуда бар он асос меёбад, ки муҳлати сабти расмии ивази ному насаби шаҳрвандон тезонида шавад.
Ба гуфтаи ӯ, агар қаблан масъалаи ивази ному насаб аз ҷониби мақомоти марбута аз 3 то 6 моҳ баррасӣ мешуд, пас аз қабули тағйирот ин муҳлат аз 1 то 1,5 моҳ кам карда мешавад.
Вазири адлия қайд кард, ки соли 2015 ҳудуди 25 ҳазор шаҳрвандони кишвар ному насаби худро ба шакли миллӣ иваз карданд. Ин нишондиҳанда соли 2016 – 29 ҳазор, соли 2017 – 26 ҳазор, соли 2018 – 38 ҳазор ва соли 2019 – 40,5 ҳазор нафарро ташкил дод.
“Бо сабаби паҳншавии сирояти коронавирус ҷараёни мазкур соли ҷорӣ коҳиш ёфт: давоми 10 моҳи соли ҷорӣ наздики 18 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ивази ному насабро хоҳиш карданд”, – гуфт Ашӯриён.
Тамоили ивази ному насаб аз русӣ ба тоҷикӣ пас аз ному насабашро аз Эмомалӣ Раҳмонов ба Эмомалӣ Раҳмон иваз намудани сарвари давлат дар соли 2007 бештар фаъолтару густарда гардида, аксари шаҳрвандони Тоҷикистон ба ӯ пайравӣ карданд.
Айни замон қариб ҳамаи роҳбарони вазорату идораҳо, раисони шаҳру навоҳии кишвар ва аксарияти хизматчиёни давлатӣ ному насабашонро ба шакли тоҷикӣ иваз карданд.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва раиси ВМКБ Ёдгор Файзов то ҳол истисно боқӣ мондаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.