Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Ёдгор Файзов аз фаъолияти милисаҳо ва гурӯҳи "Авангард" нигаронӣ кард - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ёдгор Файзов аз фаъолияти милисаҳо ва гурӯҳи “Авангард” нигаронӣ кард

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Ёдгор Файзов раиси ВМКБ аз кори милиса дар вилоят натиҷагирӣ карда, аз фаъолияти шуъбаҳои корҳои дохилӣ, шӯроҳои ҷамъиятӣ ва гуруҳи "Авангард" изҳори нигаронӣ кардааст.

Дафтари матбуоти раиси ВМКБ мегӯяд, ки Ёдгор Файзов, иҷрои қарори Ҳукумати ҶТ “Дар бораи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2014-2020”-ро мавриди барасӣ қарор дода аз камфаъолиятии роҳбарияти шуъбаҳо ва зерсохторҳои милиса, шӯроҳои ҷамъиятӣ ва гурӯҳи "Авангард"  норозиятӣ кардааст.

Раиси вилоят дар мавриди барқарор намудани робитаи мустақиму устувор бо аҳолӣ, соҳиб шудан ба боварии халқ ва шафофияти кор, пинҳон намудани гурӯҳи ҷинояткорон ва дастгирӣ намудани онҳо аз тарафи гуруҳои алоҳида, бахусус ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Файзов, қонуншиканиро маърифати сусти тарбияи ҳуқуқӣ дониста, дар ин маврид роҳбарияти вилоят нисбат ба шӯроҳои ҷамъиятӣ ва гуруҳи "Авангард" низ изҳори норозигӣ байён кардааст. Ӯ  изҳор дошт, ки “дар ҳолатҳои душвор аз онҳо қариб даракеро намеебад”.

Ҳамзамон дар натиҷагирии фаъолияти милитсия кори сусти шуъбачаҳои минтақавӣ, мавқеъгирии заифи онҳо, тарсу боварии мардум аз шоҳидӣ додан дар ин ё он вазъият масъалаи дигари доғи рӯз дониста шудааст. 

“Намегӯям, ки ислоҳоти милитсия дар вилоят ғайриқаноатбахш ҳаст, нокифоя аст, вале масъалаҳои доғ дорем – яъне мукаммал кардани сохтори вазорат, таъмин намудан бо кадрҳои шоиста, ба таври шаффоф кор кардан ва баланд бардоштани эътимоди мардум ба милитсия, дастгирии милитсия аз тарафи ҷомеа ва паст кардани ҷинояткорӣ тавассути фаҳмондадиҳӣ”, – иброз намудааст Ёдгор Файзов раиси ВМКБ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.